|
There are no translations available.
Шарҳи Паём ба донишҷӯён
Барои шарҳи муҳтавои Паёми Сарвари давлат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садорати факултаи география бо донишҷӯёни худ вохӯрӣ анҷом дод. Мавриди зикр аст, ки чунин вохӯриҳо аз 2-юми феврал оғоз гардида, то 16-уми феврал давом мекунанд ва бо ҳамаи факултаҳо баргузор мегарданд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ҚАҲРАМОНИИ ГУЗАШТАГОН ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД!
5 майи соли 2022 бахшида ба 77-умин солгарди Ѓалаба дар Љанги Бузурги Ватанї дар толори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Қаҳрамонии гузаштагон намунаи ибрат” баргузор гардид. Нахуст, иштирокчиёни конференсия дар зери лавҳаи «Ёдномаи устодону кормандони донишгоҳ”, ки дар набардҳо алайҳи фашизм ҷонбозиҳо кардаанд, бо маросими гулчанбаргузорӣ поси хотир намуданд. Сипас ҷаласаи пленарии конференсия баргузор гардид, ки онро ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, аз қаҳрамониҳои бемисли ҷанговарони тоҷик ёдовар шуд.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
4 майи соли 2022 чор нафар донишҷӯи факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар олимпиадаи байналмилалии интернетӣ аз фанни химия, ки аз тарафи Донишгоҳи байналмилалии нафту гази Ҷумҳурии Туркманистон ба номи Яхшигелди Какаев ташкил шудааст, иштирок намуданд. Олимпиадаи мазкур дар шакли фардӣ аз рӯи ду категория гузаронида мешавад. Категорияи якум барои донишҷӯёне мебошад, ки фанни химияро меомӯзанд, ва категорияи дуюм барои онҳое аст, ки фанни химияро намеомӯзанд. Натиҷаи олимпиада 20 май эълон мегардад.
|
|
|
There are no translations available.
Мубоҳиса омили такмили дониш
Бо ташаббус ва назорати бевоситаи муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Р.Бобокалонова аз 3-юми январи соли равон сар карда моҳе ду маротиба маҳфили мубоҳисавӣ байни донишҷӯёни донишгоҳ доир мегардад. Дар маҳфили аввалинро, ки 3-юми январ баргузор шуд, Р.Бобокалонова оғоз бахшида, иштирокчиёнро бо низоми гузаронидани маҳфил ошно намуд.
|
|
There are no translations available.
Паём-раҳнамои оянда
Паёми имсолаи Сарвари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мавриди таҳлили ҳамаҷонибаи аҳли зиё қарор гирифт. Дар донишгоҳи мо низ 27-уми январи ҳамин сол ҷамъомади ботантана доир ба ин мавзӯъ баргузор шуд. Нахуст ректори таълимгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ аз моҳияти Паём ва масъалаҳои дар он зикргардида маълумоти муфассал дод.
|
|
|
|
|
|
|
Page 609 of 654 |