|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардид. Нахуст, муовнини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷамила Мусоҷонова баромад намуда, перомуни аҳамияти фарҳангию маърифатӣ ва нуфузу мақоми ин озмуни шуҳратёр ибрози ақида кард. Мавсуф аз ҷумла зикр кард, ки маҳз бо дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои миллат солҳои охир илму маърифат рушд намуда, миқдори ширкаткунандагони озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бештар мегардад.
|
|
|
There are no translations available.
Суботу осоиштагии ҷомеа-вазифаи ҳама
Дар толори фарҳангии донишгоҳ 17-уми сентябри соли равон вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо донишҷӯён баргузор гардид. Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ А.Муллоев ҳамоишро ифтитоҳ намуда, ҳадафи ташрифи меҳмононро баён кард.
Сипас, Гулнора Бобоева, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи пешрафти соҳаи маориф,
|
|
There are no translations available.
Робитаи ҳамкорӣ густариш меёбад
Ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ бо роҳбари лоиҳаи TEMPUS Мауритсио Марчессе ва намояндаи он Чиордано Гратсиано мулоқот анҷом дод. Дар оғоз сарвари маърифатгоҳ Н.Салимов дар хусуси ҷараён ва низоми таълим сухан гуфта, аз ҷумла, қайд намуд, ки дар донишгоҳ алъон ду зинаи таҳсилот-бакалавр ва магистратура ҷорист ва зинаи дигари таҳсилот-доктор phd ба тозагӣ таъсис ёфт.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
Мулоқот бо директори АМАР
26 апрели соли 2022 директори Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон Алина Жумагулова ва намояндаи агентии мазкур Олга яновская ба донишгоҳи давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ дотсент Азам Байдуллоев мулоқот анҷом доданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
АТТЕСТАТСИЯИ УНВОНҶӮЁН ВА ДОКТОРАНТОН ДАР ДОНИШГОҲ
25-26 апрели соли 2022 дар Донишгощи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аттестатсияи унвонҷӯён ва докторантон баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳисоботи унвонҷӯён ва докторантон дар бораи ҳолати иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимии онҳо дар соли гузашта, мувофиқати ҳаҷми кори иҷрошуда бо нақшаи инфиродӣ, нақшаҳо барои соли оянда, инчунин ҳисобот оид ба ҳолати рисолаҳо шунида ва баррасӣ шуданд. Дар фарҷом аз тарафи комиссия ба ҳисоботдиҳандагон маслиҳатҳои муфид барои пешбурди самараноки корҳои илмӣ дода шуд.
|
|
|
|
|
|
|
Page 612 of 654 |