|
There are no translations available.
Квотачиҳо дастгирӣ меёбанд
22-юми апрели соли равон вохӯрии донишҷӯёни ноҳияи Шаҳритус, ки тибқи квотаи Президентӣ ба макотиби олии пойтахт дохил шудаанд, бо мудири шуъбаи маорифи ҳамин ноҳия М.Асадуллоева, ва дигар намояндагони ноҳия-К.Норбуттаева ва Ҳ.Эшмуъминова баргузор гардид. Намояндагон аз давомот, дониш ва рафтори донишҷӯён пурсон шуданд ва аз ҷонишинони деканҳо оид ба корҳои тарбиявӣ посухҳои мусбат гирифтанд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
РӮҲИЯИ ВАТАНДОРӢ АЗ ТАМОШОИ “ДОСТОНИ НУР”
30-юми марти соли 2022 устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз намоиши операи миллии “Достони Нур” дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дидан намуданд. Муаллифи оњанг раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбек Мусозода ва муаллифи либреттои операи мазкур Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар мебошанд. Омӯзгорону донишҷӯёни ДДОТ ба номи С.Айнӣ аз намоиши ин асари таърихию тамсилии театрӣ бо рӯҳияи баланди ватандорию фарҳанггустарї истиқбол гирифтанд.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ДАСТОВАРДИ ДОНИШҶӮИ ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
29-30 марти соли 2022 олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика бахшида ба гиромидошти олими бузург Абӯалӣ Ибни Сино баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд. Аз ҷумла аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чор нафар донишҷӯ ширкат варзиданд.
|
|
|
There are no translations available.
Чорабиниҳои мухталиф дар факулта
Ба ифтихори зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ дар факултаи забон ва адабиёти рус як қатор чорабиниҳо, аз қабили конфронсҳои илмӣ, суҳбати мизи мудаввар ва озмун гузаронида шуд. Дар конфронс устодони кафедра М.Қаҳҳорова дар мавзӯи «Устод Садриддин Айнӣ ва адабиёти рус» ва Н.Валиев дар мавзӯи «Тарҷумаи асарҳои устод Садриддин Айнӣ ба забони русӣ» маъруза намуданд.
|
|
There are no translations available.
Кайҳоннавард кист?
Бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими физика дар қироатхонаи хобгоҳи №7 бахшида ба Рӯзи кайҳоннавардон чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он декани факулта Ш.Раҳмонов, ҷонишинҳои декан оид ба таълиму тарбия А.Ҷаъфаров ва З.Давлатов, муаллима аз кафедраи методикаи таълимии физика Г.Бобониёзова ва донишҷӯёни хобгоҳ ҳузур доштанд.
|
|
|
|
|
|
|
Page 621 of 654 |