|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
АҶАБ НАКҲАТЕ ДОРАД НАВРӮЗ
17 марти соли 2022 дар факултети забонҳои романӣ-германии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Сараввал профессори кафедраи забони олмонӣ Хайрулло Сайфуллоев ҳозиринро бо фарорасии Наврӯз табрик намуд. Сипас, барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ, ки аз тарафи донишҷӯёни соли панҷум ташкил шуда буд, пешкашӣ ҳозирин карда шуд. Барнома аз намиошӣ либосҳои миллӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, рақсу суруд иборат буд.
|
|
|
There are no translations available.
«Ба ман даҳ калима гӯй» - озмуни забондонӣ
Бо ташаббуси кафедраи забони франсавӣ ва методикаи таълими он 2-юми апрели соли равон дар донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони франсавӣ «Франкофонӣ» баргузор гардид. Дар чорабинӣ раёсати донишгоҳ, меҳмонони хориҷӣ, устодону донишҷӯёни факултаи забонҳои романию германӣ ва дигар донандагони забони франсавии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
|
|
There are no translations available.
Саҳми Бонки Ҷаҳонӣ барои рушди соҳаи маориф
Ректори донишгоҳ, академик Н.Салимӣ бо намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба соҳаи маориф дар Аврупо ва минтақаи Осиёи Миёна Ҷейсон Вивар вохӯрӣ анҷом дод. Ҷ.Виварро намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои иқтисодиёт дар соҳаи маориф Сачико Такаюко ва намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Шоев ҳамроҳӣ намуданд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
МУЛОҚОТИ СУДМАНД ҶИҲАТИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
16 марти соли 2022 атташеи Фаронса оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф Серж Беллини ва атташеи фарҳангии сафорати Фаронса дар Тоҷикистон Эва Тозйе ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилаӣ Аъзам Байдуллоев, декани факултети забонҳои романӣ-германӣ Зарина Сайфуллоева ва мудири кафедраи забони фаронсавӣ Султонзода Соқӣ Аслон мулоқот карданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ОЗМУНҲОИ “БЕҲТАРИН ХОНИ НАВРӮЗӢ” ВА “РӮЗНОМАИ ДЕВОРИИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД!
16 марти соли 2022 дар факултети психология ва таҳсилоти фарогири Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ миёни донишҷӯёни курсҳои 1-4-уми факултет озмун зери унвони “Беҳтарин хони Наврӯзӣ” ва “Рӯзномаи девории беҳтарин” баргузор гардид. Мавриди зикр аст, ки қисми аввали озмун бо тақдими медали “90-солагии ДДОТ ба номи С.Айнӣ” ба мудирони кафедраҳои факултет Ёрмаҳмад Тӯраев ва Раҷабгул Рамазонова аз ҷониби раиси Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ Зикирзода Ҳобилҷон ва декани факултет Мадина Дадобоева сурат гирифт.
|
|
|
|
|
|
|
Page 626 of 654 |