• Tajik
  • Russian
  • English
tgpu
There are no translations available.

Таҳсили хориҷиён нигаронкунанда аст

Котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Туркманистон дар Тоҷикистон Перман Бердиев 7-уми апрел ба донишгоҳ ташриф овард. Назорати давомот, сифати донишомӯзӣ, раводид ва маълум кардани рафтори донишҷӯёни туркман аз масъалаҳои асосии ин вохӯрӣ маҳсуб меёфтанд.

Аслан, дар ду моҳ як бор чунин вохӯрӣ бо донишҷӯён баргузор мегардад ва дар он рафти донишомӯзӣ, иштирок ба дарсҳо ва рафтори донишҷӯёни хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ВОХӮРӢ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ

Тибқи банди 5-и Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли  2020, № 292 “Дар бораи Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2020-2024” рӯзи 15 марти соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрӣ бо намояндагони соҳаи тиб баргузор гардид.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

РӮНАМОИ КИТОБИ “МЕТОДҲОИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲО АЗ АЛГЕБРА”

12 марти соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ рӯнамои китоби дотсенти кафедраи методикаи таълими математика Мамадҷон Махкамов “Методҳои ҳалли масъалаҳо аз алгебра” баргузор гардид, раёсат ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд. Чорабиниро ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳадафи онро тақвияти раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ арзёбӣ намуд ва қайд кард, ки Мамадҷон Махкамов муаллифи зиёда аз 380 корҳои илмӣ-методӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Сипас, профессори кафедраи методикаи таълими математика Мансур Нугмонов оид ба ҳаёт ва фаъолияти муаллифи китоби болозикр, профессори кафедраи информатика ва системаҳои иттилоотӣ Юсуфалӣ Ҳасанов оид ба мақоми он дар таълими математика ва профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ Сироҷиддин Бандаев перомуни ҷараёни таълифи ин китоби арзишманд маърӯза карданд.

 
There are no translations available.

Викторинаи экологӣ дар хобгоҳ

Бо ташаббуси кафедраи геоэкология таҳти роҳбарии профессор А.Эргашев ва дастгирии созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ дар хобгоҳи рақами 6 зери унвони «Муҳити зист-омили солимӣ» викторинаи экологӣ баргузор гардид, ки дар он истиқоматкунандагони хобгоҳҳои рақами 2, 3, 6 ва 7 ширкат варзиданд. Мебояд гуфт, ки дар чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳри тарбиявӣ Р.Бобокалонова низ иштирок намуд.

 
There are no translations available.

Ҷавонон такягоҳи давлатанд

Вохӯрии раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирова ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтамҷон Абдуллозода бо донишҷӯён баргузор гардид. Сараввал ректори донишгоҳ, академик Н.Салимӣ ҷамъомадро ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла, таъкид дошт, ки солҳои охир ба равияҳою созмонҳои тундгарою ифротӣ пайвастани ҷавонон аз мавзӯъҳои доғи ҷомеа гардидааст ва дар ин ҳамоиш низ ин масъала мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

 


Page 627 of 654
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj