|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
НАҚШИ ДОНИШҲОИ ПСИХОЛОГӢ ДАР ПОЙДОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ОИЛАВӢ
12 марти соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори кафедраи умумидонишгоҳии психология дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Нақши донишҳои психологӣ дар пойдории муносибатҳои оилавӣ” баргузор гардид. Дар кори конференсия сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозанин Мирзоева, сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Зуҳурзода Заррина Ҳабибулло, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Манижабону Аминзода, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмадулло Давлатов, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Акобир Мирзораҳимов, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷамила Мусоҷонзода, профессори кафедраи умумидонишгоҳии психология Нафиса Юнусова, профессори кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогир Бибиҳафиза Маҷидова иштирок ва суханронӣ намуданд.
|
|
|
There are no translations available.
Шунидан кай бувад монанди дидан
Ҳар як муаллим методи дарсгузарии худро дорад ва ин ба донишу маҳорату малакаи омӯзгор вобаста аст. собиқадорони соҳаи маориф дар семинару машваратҳо ва тавассути маҷаллаҳои илмӣ, адабиву фарҳангӣ усули нави таълимро тарғибу ташвиқ менамоянд, ки дар он бештар талаба бояд фаъол бошад. Маҳмудзода Обидҷони Бекназар, омӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик, дар таълими фанни адабиёти муосири тоҷик иқдоми наверо пеш гарифтааст. Мавсуф тасмим дорад, ки шоирону нависандагони муосирро, ки дар қайди ҳаётанд, ба дарс даъват карда, онҳоро бевосита
|
|
There are no translations available.
«Навои ҷовидон»-тарғибгари маърифати духтарон
Бо ташаббуси шуъбаи тарбия ва раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе озмуни маърифатӣ-фарҳангии «Навои ҷовидон» миёни ҷавондухтарони донишгоҳ баргузор гардид.
Баланд бардоштани завқи ҳунаромӯзӣ, тайёр намудани ҷавондухтарон барои бунёди оилаи солим, дастгирӣ ва дарёфти духтароне, ки ҳозирҷавобанду ҳунари сарояндагӣ доранд ва ташаккули инсондӯстиву меҳанпарастӣ дар қалби
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РЎЗИ МАТБУОТ
11 марти соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 110-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик мизи мудаввар баргузор гардид. Ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ҳозиринро бо ин рӯз табрик карда, доир ба ҷойгоҳи аввалин рӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” дар низоми матбуоти тоҷик, нақши он дар ташаккули худшиносии миллӣ, мавзуъ ва муҳтавои матолиби он, саҳми кормандони ин ҷарида бобати анҷоми корҳои равшангарӣ дар соҳаҳои илму маориф маъруза намуд. Сипас мудири кафедраи забони тоҷикӣ, профессор Саидмуроди Хоҷазод доир ба рушди ВАО дар ҷумҳурӣ ва собиқадори матбуоти тоҷик Абдурауф Муродӣ доир ба рисолат ва мақоми нашрияи донишгоњии “Омӯзгори ҷавон” сухан ронданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ОЗМУНИ “ОФТОБИ ТАРБИЯТ”
11 марти соли 2022 дар толори ба номи Холиқ Мирзозодаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ даври ниҳоии озмуни “Офтоби тарбият” баргузор гардид. Дар он ғолибони даврҳои қаблӣ иштирок карданд. Иштирокдорон ба суолҳои ҳакамон посухҳо дода, пурсишномаҳоро пур карданд.
|
|
|
|
|
|
|
Page 628 of 654 |