|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ИЛМУ МАОРИФ – САМТИ АФЗАЛИЯТНОК ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
11 феврали соли 2022 дар факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинӣ доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Илму маориф – самти афзалиятнок дар Паёми Пешвои миллат” баргузор гардид, ки дар он декани факултет Муҳаммадсалим Усмонов, мудири бахши магистратураи донишгоҳ Саодат Ахиева, мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Толиб Амиров, муовинони декан, мудирони кафедраҳои тахассусӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет иштирок карданд.
|
|
|
There are no translations available.
Мулоқоти ректор бо сафири Фаронса
Ректори донишгоҳ А.Раҳмонов бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дидие Леруа, ки барои иштирок дар конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 50-умин солгарди кафедраи забони фаронсавии донишгоҳ ташриф оварда буд, мулоқот кард. Зимни мулоқот Сарвари таълимгоҳ зикр намуд, ки ҳамкориҳои ду мамлакат хеле хуб ба роҳ монда шудаанд. Дар ин ҷода донишгоҳ низ мекӯшад, ки робитаҳои судмандро бо сафорат ва
|
|
There are no translations available.
Оқибати нашъамандӣ марг аст!
Бо ибтикори Маркази дастгирии донишҷӯёни донишгоҳ таҳти унвони «Нашъаманд, зарари маводи нашъаовар ба ҷавонон, таҳдид ба ояндаи ҷомеа» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар он нозири калони шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар назди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Рӯзиев ширкат варзид.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
РӮНАМОИ СИЛСИЛАКИТОБҲОИ “АХТАРОНИ АДАБ”
10 феврали соли 2022 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими рӯнамои силсилакитобҳои “Ахтарони адаб” бо иштироки олимону адибон, намояндагони муассисаҳои фарҳангӣ ва ғайра баргузор шуд. Инчунин, дар саҳни Китобхона намоиш - фурӯши силсилакитобҳои “Ахтарони адаб” ва китобҳои тозанашри нашриёти “Адиб” барои ҳаводорони ин силсилакитобҳо роҳандозӣ гардид. Дар ин чорабинии муҳими фарҳангӣ устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ иштирок намуданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
КӮМАКИ ҶОПОН БАРОИ РУШДИ ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР ДАР ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ
9 феврали соли 2022 маросими ҷамъбасти “Лоиҳаи таҳияи Барномаи таълимии курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон дар мактабҳои олӣ барои рушди таҳсилоти фарогир”, ки аз тарафи Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ татбиқ шуд, баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Тошиҳиро Айки, ҳамоҳангсози Барномаи Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон дар Тоҷикистон Рейка Ҳорио, ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ, раиси Иттифоқи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев ва дигарон иштирок ва баромад намуданд.
|
|
|
|
|
|
|
Page 638 of 654 |