|
There are no translations available.
РУШДИ РАВАНДИ ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР ДАР ДОНИШГОҲ
Нимаи дуюми рӯзи 28-уми майи соли 2021 дар толори Шӯрои олимони факулттети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки намояндагони Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди раванди таҳсилоти фарогир дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ» баргузор гардид. Дар ин мизи мудаввар ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, сармутахассиси муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Бобомуродов, координаторони барномаи Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон дар Тоҷикистон Рейка Ҳориё ва Мукай Кумазава, раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев ва дигар меҳмонон иштирок намуданд. Мизи мудаввари мазкур дар асоси лоиҳаи «Таҳияи барномаи таълимии курсҳои такмили ихтисоси муаллимон дар мактабҳои олӣ барои рушди таҳсилоти фарогир» баргузор гардид. Ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода зимни суханронии хеш меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз кӯмаку дастгириҳои шарикони лоиҳаи мазкур изҳори миннатдорӣ баён намуд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ВОХӮРИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БО ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ ЯКУМИ ШУЪБАИ ҒОИБОНА ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2026
 Рӯзи 15-уми январи соли равон дар толори фарҳангии бинои факултети забон ва адабиёти рус тибқи нақша-чорабиниҳои қисми тарбияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии Раёсати Донишгоҳ бо донишҷӯёни курси якуми шуъбаи ғоибона факултетҳои иқтисод ва идора, педагогика, биология, география, химия, математика
|
|
There are no translations available.
ВОХӮРИИ СУДМАНД

Санаи 28.05.2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи С.Айнӣ вохӯрии намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов, хабарнигори нашрияи «Минбари халқ» Ҳуринисо Ализода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ Амир Иброҳимзода ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд. Нахуст ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода суханронӣ намуда, меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт. Сипас хабарнигори нашрияи «Минбари халқ» Ҳуринисо Ализода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдуло Давлатов ва Амир Иброҳимзода доир ба масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосир маърӯзаҳо намуданд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.

|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ҶИҲАТИ ТАРЗИ БАҚАЙДГИРӢ ВА ИСТИФОДАИ ПОЙГОҲҲОИ ИЛМӢ
 Тибқи дастури ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва салоҳияти касбии омӯзгорон, унвонҷӯён, докторантон ва магистрони муассиса дар самти истифодаи захираҳои электронии илмӣ семинари омӯзишӣ оид ба тарзи бақайдгирӣ ва истифодаи Пойгоҳи
|
|
|
|
|
|
|
Page 99 of 654 |