|
There are no translations available.
АЗ ҚАЛБҲО ЁДИ ШУМО ҲАРГИЗ НАХОҲАД РАФТ!
8-юми майи соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи ғалаба раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати гиромидошти хотираи қаҳрамонони Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ маросими гулчамбаргузорӣ дар назди аксҳои омӯзгорони донишгоҳ, ки иштирокчиёни ин муҳорибаи мудҳиш мебошанд, баргузор намуд.
Маросими гулчамбаргузориро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ дар ҳамроҳӣ бо раиси ташкилоти ибтидоии собиқадрони ҷангу меҳнати донишгоҳ Раҷабмоҳ Қосимова, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Саъдӣ Қосимов, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷамила Мусоҷонзода, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Акобир Мирз
ораҳимов, сардори раёсати таълим Наҳтулло Айнулозода, сардори раёсати тарбия Қобилҷон Иброҳимов ва иштирокчиёни ҷанги Афғонистон Майрамбӣ Сафарова ва Сангинмаҳмад Сатторов анҷом дода, дар ин маврид, аз нуктаҳои муҳими корнамоиҳои ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдрас намуданд.
Инчунин, пас аз маросими гулчамбаргузорӣ дар толори фарҳангии донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба ин рӯзи таърихиву фаромӯшнашавандаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз болои истилогарони фашистӣ баргузор гардид.
|