• Tajik
  • Russian
  • English
tgpu
There are no translations available.

 

“ЗАНОН МАРДОНА ГОҲО” ҶАҲД ДОРАНД

27.JPG - 251.63 KbРӯзи 4-уми марти 2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе инчунин ҳамкорӣ бо бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ бахшида ба рӯзи байналмиллалии Иди бонувон мизи мудаввар зери мавзӯи “Саҳми занони фаъол дар пешгирии хариду фурӯши одамон ва хушунати хонаводагӣ” бо иштироки донишҷӯдухтарону бонувони донишгоҳ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии “Корвони умед” ва “Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе” баргузор гардид. Нахуст, роҳбарони ташкилотҳои “Фемида” Солиева С.А. ва роҳбари маркази болозикр Саломова М., барномаро оғоз намуданд.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

 

ДАРСИ ТАРБИЯВӢ: РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА СОЛГАРДИ ИҶЛОСИЯИ XVI-УМИ ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар санаи 13 ноябри 2025, соати 12:00 сарпарасти курси 1-уми ихтисоси таърих- ҳуқуқи гурӯҳи "Б", н.и.т., дотсент Наҷмуддинзода Т.А. дар асоси нақшаи кории тарбиявӣ бахшида ба "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва солгарди "Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дарси кушоди тарбиявӣ гузаронид.
 
Хабарҳо
There are no translations available.

 

БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ ФАКУЛТЕТИ ГЕОГРАФИЯ ДАР СОЛИ 2025
Санаи 13.11.2025 дар факултети география ҳисоботи солона оид ба натиҷаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии омӯзгорони факултет баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода С.И., сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсия н.и.ф Ҳомидов Б, котиби шурои илмию методӣ Ҳамроев А ва декани факултети география Раҳимзода М.М. иштирок ва суханронӣ намуданд.
 
There are no translations available.

 

ДУ ВОХӮРӢ БО ЯК ҲАДАФ

14.JPG - 133.54 KbСанаи 3-юми март бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таҷлили Рӯзи бонувон дар Китобхонаи миллӣ Форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии занону ҷавондухтарон – омили рушди суботи ҷомеа” баргузор гардид. Дар форуми мазкур намояндагони самти мазкур аз ҳама шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Инчунин дар ин форум донишҷӯён ва омӯзгорони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ низ иштирок доштанд.

 
There are no translations available.

 

gerb01.jpg - 4.50 Kb

АМРИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад.

2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоиза, мукофот ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

3. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, барои ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, аспирантону докторантон ва дигар қишрҳои ҷомеа, ки ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбат доранд, чораҷӯӣ карда, ғолибонро бо ҷоиза ва омӯзгорони онҳоро бо мукофоти моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣ намоянд.

 


Page 151 of 654
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj