• Tajik
  • Russian
  • English
tgpu
There are no translations available.

 

ВОХӮРИИ САРДОРИ РАЁСАТИ ВКД БО

ДОНИШҶӮЁНИ ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ


6.jpg - 31.94 KbРӯзи 25-уми феврали соли равон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев вохӯрии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенант Назарзода Шариф Раҳмон бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандону донишҷӯёни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода зимни суханронии худ ҳозиринро хушомадед намуда, аз саҳми мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа ибрози андеша намуда, ба фаъолияти шабонарӯзиву хастанопазири кормандони милитсия изҳори сипос намуд. Сипас, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенант Назарзода Шариф Раҳмон зимни суханронии худ доир ба хатари рӯзафзуни терроризму экстремизм, ифротгароӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрам андеша ронд.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

 

БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ВА ЗАБОНҲОИ ШАРҚ
Санаи 12.11.2025 дар факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ ҳисоботи солона оид ба натиҷаи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии омӯзгорони факултет баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба илм, доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода С.И., котиби шурои илмию методӣ Ҳамроев А. , декани факултет н.и.ф. Давлатзода Н. ва мудирони кафедраҳо ширкат варзида суханрони намуданд.
 
Хабарҳо

VISIT OF STEM PROJECT REPRESENTATIVES TO THE UNIVERSITY

On November 11, 2025, representatives of the project “Improving Secondary Education in the Fields of Science, Technology, Engineering, and Mathematics (STEM)” visited the Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini. The purpose of the visit was to familiarize themselves with and discuss the opportunities
 
There are no translations available.

 

ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮДУХТАРИ ДОНИШГОҲ ДАР ФЕСТИВАЛИ «ЧАКОМАИ ГЕСӮ»

5.jpg - 76.85 KbРӯзи 24-уми феврали соли 2021 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фестивали шаҳрии “Чакомаи гесӯ” бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолони ноҳияҳои пойтахт ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Нахуст иштиркочиёни фестивал аз намоиши анвои гуногуни ороишоти миллии занонаи аз ҷиҳати экологӣ фоидаовар ва лавозимоти марбут ба парваришу ороиши мӯю рӯй ва ғайра, ки аз ҷониби занону бонувони ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва И.Сомонӣ ба маъраз гузошта шуда буд, дидан намуданд.

 
There are no translations available.

 

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУҚТАҲОИ ПАЁМИ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁН

1.jpg - 64.42 KbИмрӯз дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси банди махсуси нақша-чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрӣ доир ба расонидани мӯҳтавои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Дар вохӯрии имрӯза Ато Мирхоҷа- муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Бузургмеҳри Тоҷиддин- шоири ҷавон, ҷоизадори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайалӣ Шаҳобов-мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Амирҷон Иброҳимзода мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияиф Исмоили Сомонӣ, Ҳамроҳи Ҳамза мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Маъдӣ Абдураҳмонов мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, Давлатшоҳ Каримов сармутахассиси шӯъбаи кор бо ҷавонони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.

 


Page 153 of 654
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj