|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
Ваҳдати миллӣ ва масири рушди кишвар
Ҳамасола дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистон рӯзи 27-уми июн ҳамчун ҷашни Ваҳдати миллӣ таҷлил карда мешавад. Шояд таърих, аҳамият ва зарурияти таҷлили ин рӯзи муборак барои насли ҷавонтари миллати мо то ба охир равшан набошад, вале калонсолон хуб дар ёд доранд, ки ин рӯз ба чи душворию азобҳо ва муборизаю талошҳо ба даст омад.
Имрӯз бо ифтихор дар қатори шоҳсутунҳои
|
|
|
There are no translations available.
“СИПАРИ ВАТАН”
Санаи 19-уми феврали соли равон бо ташаббуси садорати факултети физакаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чорабинӣ бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Сипари Ватан” бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуда, нахуст, декани факултет н.и.п., дотсент Умаров Умар зимни суханронии худ доир ба пайдоиш ва нерӯи Артиши миллӣ ва дар ин роҳ саҳми зиёду арзанда доштани сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бесобиқа арзёбӣ намуд.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
Ваҳдат - меҳвари осоиши башарият
Чун сухан аз ваҳдати миллӣ ва арзишҳои миллӣ - омили асосии таҳкимбахши давлат ва саодати миллӣ меравад, ҳаминро мебояд тазаккур дод, ки дар ин самт идеологияи давлати навини мо, ки барқарории сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллиро ҳадаф қарор додааст, бояд кори зиёдеро дар амал татбиқ кард. Бо шарофати он тамоми мадраку афкори давлатдории миллӣ атрофи ҳамин ғояи сиёсӣ мечархад. Албатта, дар замони гузариш сулҳ, ваҳдат ва муттаҳидӣ ба сифати ғояи сиёсӣ барои ҳамбастагии миллӣ мусоидат менамояд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ИФТИХОРИ ДОНИШГОҲ
Донишҷӯи курси сеюми факултети математика ва информатика Каримов Шоҳмансур Нуруллоевич дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияи «Технологияи иттилоотӣ» сазовори ҷойи сеюм гардид.
Ин дастоварди шоистаи ӯ далели дониш, меҳнатдӯстӣ ва омодагии баланди зеҳнӣ мебошад.
Ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Каримов Шоҳмансур Нуруллоевичро бо ин муваффақият самимона табрик гуфта, барояш комёбиҳои нав дар роҳи илму маърифат орзу доранд.
|
|
There are no translations available.
САЙЁҲОН ВОРИСОНИ ҶАҲОНШИНОСОНАНД

Санаи 18.01.2021 дар асоси нақша-чорабиниҳои кафедраи методикаи таълими география ва туризми ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ доир ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ донишҷӯёни курсҳои 1-ум ва 3-юми ихтисоси сайёҳат ва меҳмондориро ба маҷмааи лижаронии кӯҳии “Сафеддара” сафарбар карда шуд. Ҳадаф аз ин сафарбарнамоӣ шиносоии донишҷӯён бо манзараҳои зебову барфпӯш, инчунин омӯхтани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ мебошад-чунин арзёбӣ намуд, мудири кафедраи мазкур н.и.г, дотсент Амриддин Самиев.
|
|
|
|
|
|
|
Page 159 of 654 |