• Таджикский
  • Руский
  • Английский
tgpu
Хабарҳо
There are no translations available.

Хатарҳои глобалӣ дар ҷомеа.

Маънои калимаи “экстремизм” ин раванди ҷонибдории усулҳои ифроти ба шумор меравад, киаз ҷониби гуруҳҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳатто баъзе давлатҳо созмон ва дастгири низ меёбад. Агар дар шароити имрӯза ба қазия назар афканем, пеш аз ҳама экстремизм ба сиёсат дахл намуда истодааст, ки ин тазоҳуротро дар ниҳоди ҳамаи динҳо низ эҳсос кардан мумкин аст. Инсоне, ки дар шароити имрӯза умр ба сар мебарад, бояд доимо аз тинҷию амони ва пояндагии давлати худ ва давлати ҳамсоя шукргузор бошад.

 
There are no translations available.

 

ОИЛА ВА ФАРҲАНГИ ОИЛАДОРӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР

49.JPG - 164.46 KbСанаи 10.11.2020 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавии факултети психология ва таҳсилоти фарогир конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Оила ва фарҳанги оиладорӣ дар ҷомеаи муосир” баргузор гарддид. Конференсияи илмӣ-амалии мазкур ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Нахуст муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Қосимов Саъдӣ Абдулқодирович ба конференсия ҳусни оғоз бахшида, тамоми меҳмонони иштирокнамударо ба ин даргоҳи илму маърифат хуш омадед намуд.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

Каримон ҷон фидои дӯст карданд.

Таърихи куҳанбунёди адабиёти тоҷик, ки аз адабиётҳои қадимтарин ва ғанитарини дунё маҳсуб меёбад, дар тамаддуни умумиинсонӣ мақоми бузургро ишғол менамояд.Ҳанӯз пеш аз солшумории мелодӣ вақте ниёгони мо пайраи дини Зардушт буданд, амалҳои некро пазируфтаву корҳои бадро  маҳкум мекарданд.Онҳо барои инсонҳо  “Пиндори нек- кирдори нек”-ро ташвиқ менамуданд,ки ин шиорро марому ҳадаф ва  амали хеш қарор дода  буданд.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

НАШРИ КИТОБИ “ПЕДАГОГИКА”

Нашриёти “Меҳрҷол Граф” китоби дарсии профессори ДДОТ ба номи С.Айнӣ Абдулбоқӣ Нурзодаро бо номи “Педагогика” интишор намуд, ки барои донишҷӯёни мактабҳои олии дорои равияи омӯзгорӣ пешбинӣ шудааст. Китоби дарсии мазкур масъалаҳои мубрами таълиму тарбия, таҳсилот ва асосҳои идоракунӣ ва роҳбарӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро (мактабшиносӣ) дарбар гирифта, тибқи меъёрҳои тадқиқоти навин, таҷриба ва комёбиҳои педагогикаи ниёгон ва педагогикаи умумибашарии кишварҳои мутараққӣ таҳия шудааст.
Китоб бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои донишҷӯёни донишкада, донишгоҳ ва коллеҷҳои омӯзгорӣ, муаллимон ва ихлосмандони соҳаи маориф, ки ба тарбия ва таълими насли наврас таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд, тавсия гардидааст.

 

 
There are no translations available.

 

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

 

06.11.2020 06:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми шарифи мо ҳар сол санаи қабул гардидани ин санади муҳимми тақдирсозро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд, аз ҷумлаи дастовардҳои бисёр арзишманди даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад.

Ба ин муносибат тамоми сокинони шарафманди кишварро самимона табрик мегӯям.

Ҳадафи мо аз ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, эҳтирому арҷ гузоштан ба қонуни асо­сиву сарнавиштсози давлат ва раъйи ҳамватанони азизамон ме­бо­шад, ки дар давраи басо душвори таърихӣ онро ҷонибдорӣ намуда, ба ин васила барои ояндаи дурах­шони кишварамон заминаи боэътимоди сиёсӣ ва иҷ­тимоиву ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.

Дар асоси Конститутсия таъмин намудани соҳиб­их­­­тиёрӣ, истиқ­ло­­лу озодӣ ва тамомияти арзии кишвар вазифаи асосии давлат буда, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, моҳияти демок­ратӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоии давлат ҳамчун меъёрҳои пойдору устувори он эътироф гардидаанд.

Дар ин санади бунёдии давлат мақсаду ва­зи­­фаҳо, асосҳои сохтори давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хо­­ри­ҷӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври возеҳу равшан инъикос шудаанд.

Яъне Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад.

 


Страница 226 из 654
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj