|
There are no translations available.
Шарҳи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
31.08.2020 19:47, шаҳри Душанбе
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва амалӣ гардонидани сиёсати иҷтимоии давлат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 4 августи соли 2020, №1580 ба тасвиб расид.
Ҷиҳати татбиқи фармони мазкур Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 4 августи соли 2020, №1580 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» қабул гардид.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ҶОЙГОҲИ ФИРДАВСӢ ВА “ШОҲНОМА”–И Ӯ ДАР ТАЪРИХИ АДАБИЁТИ ФОРСИИ ТОҶИКӢ

Рӯзи 16.04.2025 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи “Ҷойгоҳи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ дар таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ” баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳии конфронс муовини ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ оид ба корҳои имлӣ, доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода Сироҷиддин; д.и.ф., профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Салимӣ Носирҷон Юсуфзода дар мавзуи “«Шоҳнома» ва таърих”; д.и.ф., профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Султон Ҳасан Баротзода дар мавзуи “Забони

|
|
Хабарҳо
|
|
КУЛЬТУРНЫЙ ВЕЧЕР

Сегодня вечером, после окончания занятий, для отдыха и развлечения преподавателей, сотрудников и студентов был подготовлен культурный программой ансамбля «Чехранамо» университета, который принес радость всем присутствующим.
|
|
|
There are no translations available.
Сафар бар олами маънӣ муборак!
Наҷмиддинович Абдуғаффор Мирзоевич, тӯли солҳои зиёд аст, ки дар донишгоҳ аз зинаи омӯзгорӣ то зинаҳои дигари фаъолиятҳои гуногуни таълимӣ кору фаъолият кардааст. Бояд зикр кард, ки ӯ дастпарварди устодони пуртаҷрибаи факултети математикаи ҳамин донишгоҳ мебошад. Дар раванди фаъолияти илмиву таълимии худ бо кӯшишҳо ва заҳматҳои эҷодкории худ рисолаи илмии хешро дар мавзӯи “Особенности формирования управленческой компетентности магистров педагогичесого образования” чанде пеш ҳимоя намуда буд. Дирӯз санаи 27.08.2020, Наҷмиддинович Абдуғаффор Мирзоевич, дипломи дараҷаи илмии “Номзади илмҳои педагогӣ”-ро ба даст овард.
|
|
There are no translations available.
Сано бодо, ба занҳое, ки марданд!
28 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд, ки яке аз ин нафарон мудири кафедраи иктисодиет ва идоракунии факултети иқтисодиёт бонуи хушбаён, хушзеҳну пурмаҳсул, масъулиятшиносу некном ва омӯзгори асил Ҷонона Ғаффорзода мебошад.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 288 из 654 |