|
There are no translations available.
КУРАТОРОНИ БЕҲТАРИНИ СОЛ ЭЪЛОН ГАРДИДАНД
Ҳамасола дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои беҳтар намудани сатҳи таълим озмуни «Куратори беҳтарини сол» гузаронида мешавад.
Имсол низ бо ташаббуси ректори донишгоҳи мазкур, муҳтарам Нӯъмонҷон Ғаффорӣ озмуни «Куратори беҳтарини сол» таҷлил гардид.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯ ДАР МАВЗУИ “НАҚШ ВА МАСЪУЛИЯТИ ОМӮЗГОР ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ”
Рӯзи 12 декабри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар партави суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Нақш ва масъулияти омӯзгор дар замони истиқлол" бо ибтикори кафедраи педагогика, психология ва методикаи тарбияи томактабии факултети педагогика гузаронида шуд.
|
|
There are no translations available.
Ҷамъбасти курси омӯзишии «Мактаби духтарони сарвар»
Бахши кор бо духтарон ва занони донишгоҳ мунтазам бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамкориҳои судманд дошта, бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» ва нақшаи амалии он дар Кумитаи кор бо
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ДАР МАВЗУИ «ИСЛОҲОТИ НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ СОҲАИ МАОРИФ ВА БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБИИ ОН ДАР ШАРОИТИ МУНОСИБАТҲОИ НАВИ ИҚТИСОДИЁТ» КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
 Рӯзи 12-уми декабри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бахшида ба 30-солагии таҳсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 52-солагии фаъолияти илмӣ-омӯзгории д.и.и., профессори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит Шарифов Зариф Раҳмонович дар мавзуи «Ислоҳоти низоми идоракунии соҳаи маориф ва баҳисобгирии муҳосибии он дар шароити муносибатҳои нави иқтисодиёт» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
|
|
There are no translations available.
ДИҚҚАТ, БУРСИЯҲОИ ТАҲСИЛӢ!
Тибқи иттилооти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба диққати донишҷӯён, магистрантҳо ва аспирантҳо мерасонад, ки Ҳукумати Япония барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи таълимии Вазорати маориф, фарҳанг, ва илму технологияҳои Япония (NEXT) бурсияҳои таҳсилӣ барои соли 2020 эълон менамояд.
Бурсияҳои мазкур барои зинаҳои таҳсили бакалавр, магистратура ва аспирантура пешниҳод шуда, қабули ҳуҷҷатҳо то 10 июни соли 2019 идома меёбад.
Номзадҳо рӯзҳои 29-30 июни 2019 дар Сафорати Япония дар Душанбе тариқи имтиҳони хаттӣ ва мусоҳиба интихоб карда мешаванд.
Хоҳишмандон метавонанд маълумоти муфассалро аз сомонаи зерин дастрас намоянд:
https://www.tj.emb-japan.go.jp/itpr_ru/scholarship2020.html
Шуъбаи робитаҳои баналмилалии
ДДОТ ба номи С. Айнӣ
|
|
|
|
|
|
|
Страница 360 из 654 |