• Таджикский
  • Руский
  • Английский
tgpu
Хабарҳо
There are no translations available.

ИДОМАИ ХОНИШҲОИ СИЁСӢ
Возможно, это изображение 5 человек и помостДар рӯзи хониши сиёсии санаи 15 ноябри соли 2024 декани факултети филологияи тоҷик Худойдодзода Фарух дар мавзуи “Андешаҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Ибни Сино” маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, иштирокчиён ҷаҳони маънавии худро ғанӣ намуданд.

 
There are no translations available.

Идомаи конференция дар донишгоҳ

photo 376.jpg - 5.77 MbРӯзҳои 16-ум ва 17- уми апрели соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодон ва  донишҷӯён, ки бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсия дар доираи «Ҳафтаи илм» ва бахшида ба  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021)» зери унвони «Илму маърифат - омили муҳими рушди ҷомеа» оғоз ёфта, дар 8- бахш, ки  кори худро идома дод.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

БОЗТОБИ МАСОИЛИ МУБРАМИ ЗАБОН  ДАР АСАРИ «ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ»- И ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Замони истиқлол барои рушди дубораи забони тоҷикӣ замина муҳайё кард, бо ибтикори аҳли зиё кӯшишҳои эҳёи суннатҳои фаромӯшшуда роҳандозӣ гардида, забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ касб намуд. Забони адабии замони истиқлол дар паноҳи давлат қарор гирифт. Дар ин давра падидаи нав, яъне раванди дубораи эҳёи наҳзати забон, ба ҳам наздик шудани шохаҳои гӯйишҳои  тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ, табодулу истифодаи истилоҳоту вожагони нави ягона ба мушоҳида мерасад. Зеро диалектикаи рушди ҷомеа бар пояи навгониву тозаҷӯйӣ, баҳрагирӣ ва таъсирпазирӣ устувор буда, истилоҳсозиву офаридани вожагони ифодакунандаи дастовардҳои нави пешрафтаи ҷомеа забонро тавонманд ва доираи истеъмоли онро васеъ мекунад. Ба назар меояд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва равандҳои пурпечутоби он ин забонҳо дар ҳамбастагӣ дарахти тавонмандеро ба вуҷуд меоранд, ки решаҳои он аз умқи адабиёти классикӣ ғизо гирифта, ба ҳама гуна ҳаводиси олами муосир тобовар хоҳад буд ва ин андешаи қотеъу мантиқии раҳнамунсоз дар меҳвари асари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат-ҳастии миллат» қарор дорад.

Марҳилаҳои таърихии рушди забони тоҷикӣ дар китоби дуюми ин шоҳасар бар мабнои сарчашмаҳои таърихиву бойгонӣ мутобиқи хронология даврабандӣ шуда, боби якум «Забони тоҷикӣ ва санҷиши замон» ном дорад. Он аз фасли «Ҳуҷуми муғул ва оқибатҳои он дар сарнавишти тоҷикон»  ва «Фоҷиаи Утрор», ки баҳонаи ҳамлаи Чингизиён ба давлати Хоразмшоҳиён шудааст, ибтидо мегирад. Дар натиҷаи ҳамлаи қавму қабилаҳои ваҳшию хунхори муғул ҳазорҳо олимону донишмандон кушта, мактабу мадрасаҳо валангор ва марказҳои фарҳангӣ ба хок яксон шуданд. Дар остонаи  ин ҳуҷум забони тоҷикӣ аз равнақ монд, аҳли адаб дарбадар, марказҳои фарҳангӣ пароканда гашт, доираи истифодаи забони муғулӣ ва хати уйғурӣ густариш ёфт. Осори таърихии «Таърихи Ҷаҳонкушой», «Ҷомеъ-ут

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАҲТИ УНВОНИ “МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ВА ПРОБЛЕМАҲОИ ЗАБОНШИНОСИИ МУОСИР” КОНФЕРЕНСИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД

Возможно, это изображение 4 человека и текстРӯзи 15.11.2024 дар Донишгоҳши давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба амалӣ гардидани “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии факултети забонҳои романӣ-германӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва проблемаҳои забоншиносии муосир” конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
 
There are no translations available.

ТАҶЛИЛИ 141 - СОЛГАРДИ ЗОДРӮЗИ САРДАФТАРИ

АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК САДРИДДИН АЙНӢ

 

photo 331.jpg - 109.83 KbРаёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар робита ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар санаи 15-уми апрели соли 2019 ба хотири шод намудани руҳи устод бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Н.У. Ғаффорӣ дар назди нимпайкараи шоир, ки дар назди бинои асосии донишгоҳ қомат афрохтааст, гулчамбар гузоштанд.

Сипас бо ташаббуси Раёсати донишгоҳ ва садорати факултети филологияи тоҷик

 


Страница 375 из 654
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj