• Таджикский
  • Руский
  • Английский
tgpu
Хабарҳо
There are no translations available.

Ифтитоҳи бинои таълимӣ барои факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин
Айнӣ

Возможно, это изображение 5 человек

29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бинои нави таълимии факултети забон ва адабиёти русро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои тозабунёди таълимӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ ба
 
There are no translations available.

Кӯмаки моддӣ ба нобиноён

photo 203.jpg - 88.74 KbРаёсати донишгоҳ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии маъюбон, бепасарасторон ва муҳтоҷону ятимон дар асоси мактуби Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Турсунзода санаи 16-уми  марти соли  2019 дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ ба 73 нафар нобиноён кӯмаки моддӣ расонид.

 
There are no translations available.

Ҷашни Наврӯзи аҷам дар факултетҳои донишгоҳ

Тайёр  намудани  дастурхони  наврӯзӣ  яке  аз  хусусиятҳои  хоси  таҷлили  ҷашни  Наврӯз  ба  ҳисоб  меравад. Зеро  дар  ҷашни  Наврӯз  хӯрокҳои  баҳорӣ  бо  гиёҳҳои  шифобахши  ватанӣ  омода  карда  мешаванд. Бинобар  ин  санаи  15-уми  марти  соли  равон  дар  даромадгоҳи  факултети биология бо  ибтикори   садорати  факултет  дастурхони  идона  бахшида  ба  ҷашни  байналмиллалии  Наврӯз  омода  карда  шуд, ки  назари  ҳар  як  бинандаро  ба  худ  ҷалб  менамуд. Дар  дастурхони  идона  таъомҳои  миллии  тољикӣ  ва  баҳорӣ  аз он ҷумла  шакароб, суманак, оши  буридаю  туппа  мавҷуд  буданд, ки  аз  омад - омади  фасли  баҳор  ва  Наврӯзи  хуҷастапай  дарак  медиҳад. Инчунин  дар  ин  рӯз  дар  гирди  дастурхони  идона  гулдухтарони  факултет  бо  либосҳои  миллӣ  аз  он  ҷумла  атласу  адрас  ба  ин  намоиш  ҳусни  тоза  мебахшиданд.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

 

ҶАЛАСАИ МУОВИНИ ИЛМ АЗ ШУНИДАНИ ҲИСОБОТИ САРКОТИБИ ШУРОҲОИ ДИФОЪ ОҒОЗ ГАРДИД
Возможно, это изображение 9 человек и Овальный кабинетИмрӯз тибқи нақшаи корӣ дар ҷаласаи муовини ректор оид ба корҳои илмӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дониёр Сангинзод ҳисоботи саркотиби шуроҳои дифоъ шунида шуда, дурнамо ва нақшаҳои ояндаи шуроҳои дифоъ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи нақшаи мазкур ҳисоботи сохторҳои марбутаи илмӣ аз ҷониби муовини ректор оид ба корҳои илмӣ шунида шуда, лурнамои фаъолияти онҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

 

 
Хабарҳо
There are no translations available.

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ- НАЗАРИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ГЕОГРАФИЯ

Возможно, это изображение 10 человек, люди учатся, отдел новостей и текст
15-уми октябри соли равон семинари илмӣ – назариявии факултети география дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Белорусия дар мавзуи «Таҷрибаи тадқиқоти экологӣ – иқлимии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Белорусия» баргузор гардид.
Дар семинар муовини ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ, профессор Қурбонзода Р., раиси Ҷамъияти география дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Муҳаббатов Х., ва директори Институти истифодаи сарватҳои табиии Ҷумҳурии Белорусия, профессор Лысенко Сергей Александрович маърӯза намуданд.
Дар рафти семинар тарзу усулҳои муосири таҳқиқотҳои илмӣ оид ба омӯзиши иқлим ва ҷӯзъиётҳои он, захираҳои обӣ, замин ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Белорусия бо истифода аз технологияҳои навин ва зеҳни сунъӣ (искусственный интеллект) дар пешгӯиҳои тағйирёбии иқлим сухан намуданд.
 


Страница 381 из 654
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj