|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ТОЗАНАШР:
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ПЕШВОИ НАВРӮЗ»
 Бо чунин унвон маҷмуаи мақолаҳо бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби кафедраи Назария ва амалияи забоншиносии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба чоп расид.
Маҷмуа аз се қисм иборат буда, дар қисмати аввал, ки «Аксҳо ифшогари рози Наврӯз» ном дорад,силсилааксҳои раванди ширкати Пешвои миллат ва адибону аҳли ҳунару фарҳанг дар чорабиниҳои наврӯзӣ гирд омадаанд.
«Пешвои миллат-Пешвои Наврӯз» ном дорад бахши дуюми китоб, ки саҳми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳё ва густариши доманаи ин ҷашни фархунда дар даврони истиқлол фарогир аст.
Бахши сеюми китоб бо номи «Наврӯз ва масоили дигари он» аз 22 мақолаи гуногунмуҳтавои олимону пажуҳишгарон иборат буда, дар онҳо оид ба ҷанбаҳои гуногуни ин ҷашни қадима ва мардумитарини тоҷикон ибрози назар шудааст.
Маҷмуа бобати рушанӣ андохтан ба паҳлуҳои то кунун таҳқиқнашудаи Наврӯзи байналмилал ба хонанда ёрмандӣ мекунад. |
|
|
There are no translations available.

Ширкати донишҷӯёну устодони донишгоҳ дар чорабинии идонаи фарҳангӣ
Бо мақсади истиқболи сазовор аз Рӯзи Парчами давлатӣ санаи 24-уми ноябр шумораи зиёди донишҷӯёну устодони донишгоҳ ба майдони Муассисаи давлатии «Боғи парчами давлатӣ»-и шаҳри Душанбе ҳозир шуда, дар қатори дигар муҳассилину кормандони донишгоҳу донишкадаҳо, вазорату идораҳо ва сокинони пойтахт дар чорабинии идонаи фарҳангӣ таҳти унвони «Парчам – рамзи шарафмандии давлатдории миллӣ» иштирок намуданд.
|
|
There are no translations available.

Чорабинии маърифатӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ санаи 24.11.2018 аз ҷониби дастаи волонтёрони шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ва бо дастгирии муовини ректор оид ба илм муҳтарам Н. Убайдуллоев “Аксияи ҳозирҷавобӣ” бо ширкати устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор карда шуд. Саволҳои пешниҳодшуда хусусияти маърифатию омӯзишӣ дошта, мавзӯъҳои гуногунро атрофи таъриху моҳияти парчам ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ фаро мегирифт.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ДДОТ ба номи С.АЙНӢ - БЕҲТАРИН МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ШУМО!
 Имрӯз, 04.04.2024 дар саҳни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ рӯзи “Дарҳои кушод” баргузор гардид, ки дар он ҳамаи факултетҳои донишгоҳ дастовардҳо ва ихтирооту китобҳои тозанашри устодону донишҷӯёни хешро ба намоиш гузоштанд.
Шуруъ аз соати 10:00 хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳри Душанбе ба донишгоҳ ташриф оварда, аз дастовардҳо ва шароити таҳсил дар донишгоҳ дидан намуда, ҳамчунин хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Душанбе аз лабораторияҳои химиявӣ,
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
НАМОЯНДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ РАВАНДИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУНРО НАЗАРРАС БАҲОГУЗОРӢ КАРД!
Дар асоси нақшаи баргузории даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии "ИЛМ-ФУРУҒИ МАЪРИФАТ" санаи 03.04.2024 озмуни мазкур дар факултети биология баргузор гардид. Баргузории озмунро намояндаи даври ҷумҳуриявии озмун Маҷидов Одинабой Шарифмуродович дидан намуда, ба кори озмун баҳои баланд дод. Ҳамчунин бо иштироккунандагони озмун дар факултетҳои география, химия ва математика машварат - омӯзиши сайёр баргузор намуда, иштирочиёнро бо тартиби озмун шинос намуд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 435 из 656 |