|
There are no translations available.

Вохӯрӣ бо донишҷӯёни хобгоҳ оид ба масъалаҳои муҳими ҷомеа
Шуъбаи кор бо ҷавонон ва кумитаи иттифоқи касабаи дониш ҷӯён дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе санаи 20-уми ноябр дар хобгоҳи № 8-и донишгоҳ, воқеъ дар ноҳияи Сино, бо дониш ҷӯён вохӯрии корӣ доир намуданд, ки дар он мудири бахши ҷавонони шаҳри Душанбе М. Гулов, мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сино Д. Суфизода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ С. Қувватов, раиси кумитаи иттифоқи касабаи дониш ҷӯён Д. Раҷабов, сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Д. Каримов ва истиқоматкунандагону масъулини хобгоҳ иштирок доштанд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ХУШХАБАР: НАШРИ АВВАЛИН ДОНИШНОМАИ ҲУҚУҚ ДАР ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ
 Бо супориши раёсати донишгоҳ масъулини қисми илм, деканҳо ва мудирони кафедраҳо вазифадор гардида буданд, ки бо ҷалби донишмандон ва мутахассисони варзидаи Донишгоҳ таҳия ва таълифи силсилаи донишномаҳоро дар самтҳои гуногуни илм, аз ҷумла дар бахшҳои астрономия, физика, математика, таърих, фалсафа, филология, педагогика, ҳуқуқ ва амсоли ин ба роҳ монанд.
Донишномаҳои омодагардида аз ҳисоби маблағҳои муассиса ба нашр расонида шуда, устодоне, ки дар таълифи ин китобҳо заҳмат кашидаанд, аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо маблағҳои пулӣ ҳавасманд карда мешаванд.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ДДОТ: ОҒОЗИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ - ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"
 Шуруъ аз имрӯз дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ комиссияи донишгоҳӣ ҷиҳати баргузории даври донишгоҳии Озмуни “Илм-Фурӯғи маърифат” таъсис ёфта, ба кори худ оғоз намуд.
Маврид ба зикр аст, ки озмуни мазкур аз рӯи 7 наминатсия аз 29-уми март то 5-уми апрели соли ҷорӣ миёни донишҷӯёни донишгоҳ идома ёфта, тибқи хулосаи комиссия ғолибони даври донишгоҳии озмун ба даврҳои минбаъда роҳхат мегиранд.
|
|
|
There are no translations available.

Ғолибони чорабиниҳои варзишӣ қадрдонӣ гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи аввалини НБО «Роғун» дар донишгоҳ як қатор чорабиниҳои варзишӣ карда шуда, ҷамъбаст гардид. Чунончи, миёни донишҷӯписарони ҳамаи факултетҳои донишгоҳ мусобиқаи футболи хурд ва дар доираи нақша-чорабиниҳои Рӯзи Парчами давлатӣ бошад, миёни донишҷӯдухтарони ҳамаи факултетҳо мусобиқаи волейбол баргузор гашт.
|
|
There are no translations available.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ТЕАТРИ ҶАВОНОН
Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16-уми ноябр дар кишвар ҷашн гирифта мешавад, дар Театри академӣ-драмавии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо ширкати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ҳамчунин меҳмонон аз Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 438 из 656 |