|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
САФИ УНВОНДОРОН ДАР ДОНИШГОҲ ЗИЁД МЕШАВАД
Имрӯз Қосимов Қурбон, директори Литсейи назди Донишгоҳи давлатиии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ рисолаи номзадиашро дар мавзуи "Муътазила ва фалсафаи ақлгароии он (таҳлили таърихӣ-фалсафӣ)" бо муваффақият ҳимоя намуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар зарфи 2 соли охир теъдоди омӯзгорони унвондор дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ зиёд гардида истодааст, ки онҳо дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар донишгоҳ нақши назаррас доранд.
|
|
|
There are no translations available.

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ДОНИШГОҲ
Пешаи омӯзгорӣ аз азал афзали ҳамаи касбу ҳунарҳо буда, омӯзгор бо маърифатофаринӣ ва равшангарии донишу раҳнамоии мардум дар роҳи даст овардани бахту саодати инсоният ва рифоҳу саодати ҷамъият саҳми бузург дорад.
Ба истиқболи Рӯзи омӯзгор санаи 6-уми октябри соли ҷорӣ дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он устодону донишҷӯён ва намояндагон аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
|
|
There are no translations available.

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ
Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷойгоҳи хосса бархӯрдор буда, ҳамасола ба хотири гиромидошти он санаи 5-уми октябр дар мамлакат “Рӯзи забони давлатӣ” ҷашн гирифта мешавад. Бо ин мақсад бо ташаббуси факултети филологияи тоҷик имрӯз, 5-уми октябр, дар толори калони бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфронс бо ширкати устодону донишҷӯён баргузор гардид.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available. ПАРЧАМ НАМОДИ ВАҲДАТИ МИЛЛИСТ
23-юми ноябри соли ҷорӣ дар Донишшгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Рудобаи Мукаррам – раиси Кумитаииҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Салимзода Шерхон – аъзои Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, муовини аввал, Айнуллозода Наҳтулло – муовини ректор оид ба таълим, Назарзода Нигора – муовини ректор оид ба тарбия дар мавзӯи «Парчам намоди Ваҳдати миллист» бо омӯзгорону донишҷӯён бахшида ба таҷлили “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН: МУРОҶИАТҲО БЕ ТАЪХИР БАРРАСӢ ШУДАНД!
 Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ дар ошёнаи якуми бинои асосӣ бо ширкати муовинон ва масъулини раёсат қабули шаҳрвандонро баргузор намуд.
Зимни қабул муроҷиати шаҳрвандон роҷеъ ба масъалаҳои интиқолу барқарор ва шартномаи таҳсил аз ҷониби ректори Донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

|
|
|
|
|
|
|
Страница 460 из 654 |