|
There are no translations available.
Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи милитсия
09.11.2021 18:00, шаҳри Душанбе
Муҳтарам кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ!
Ҷашни касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, яъне Рӯзи милитсия имсол ба рӯзҳое баробар омад, ки мардуми шарафманду сарбаланд ва тамаддунсози тоҷик санаи сарнавиштсози таърихӣ – сисолагии истиқлоли давлатии кишвари азизамонро бо тантана ва бо ифтихор аз Ватану ватандорӣ таҷлил намуда, дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба хотири рушду тараққиёти Тоҷикистони маҳбубамон содиқона ва софдилона заҳмат кашида истодаанд.
Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар шароити сулҳу суботи комил ва бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардидани ин ҷашни муқаддас натиҷаи матонату ҳушёрӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқату ватандӯстии кормандони милитсия, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии давлати соҳибистиқлоламон мебошад.
Бинобар ин, бо камоли ифтихор ҳамаи кормандон, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик мегӯям.
Вақте ки ба таърихи фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистони соҳибихтиёр назар мекунем, мебинем, ки он пур аз саҳифаҳои корнамоиву фидокорӣ ва ҷасорату ҷоннисориҳои фарзандони содиқ ба миллату Ватан мебошад.
|