• Таджикский
  • Руский
  • Английский
tgpu
Хабарҳо
There are no translations available.

АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲРО НАЗАРРАС АРЗЁБӢ НАМУД

Возможно, это изображение 3 человека, помост и текстБо мақсади муайян намудани вазъи таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида шуд.
24-уми майи соли ҷорӣ ба ин муносибат бо иштироки ректори донишгоҳ Ибодуллозода А. ва муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқзода Хурсанд Сафар ҷалассаи васеи устодону кормандон оид ба баррасии натиҷаи аттестатсияи давлатӣ доир гардид.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ Содиқзода Хурсанд Сафар зимни суханронӣ фаъолияти донишгоҳро дар маҷмуъ қаноатбахш арзёбӣ намуда ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти муассиса пешниҳодҳои судманд намуд.

 
There are no translations available.

Ҳисоботи

мудири кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодӣ

Дар кафедраи мазкур як қатор корҳо ва чорабиниҳо гузаронида шуд аз санаи 06.12.2017 то 12.12.2017:

1. Қабули корҳи курсӣ дар кафедра идома дарад. Якчанд корҳои курсии донишҷӯён қабул карда шуданд ва устодони кафедра бо донишҷӯён коркарда истадаанд;

2. Тестҳои фосилаи 2 тибқи супориши Раёсати Донишгоҳ, бо истифода аз шакли нави тестҳои пешбинишуда тастиқ карда шуд. Ба омузгорони кафедра супориш дода шуд, ки тестҳои имтиҳони нимсолаи аввали соли хониши 2017-2018 худро то ҳафта оянда бо истифода аз шакли нави тестҳои пешбинишуда омода намоянд;

3. Мувофиқи нақшаи тасдиқшуда дар кафедра ба дарси ҳамдигардароии муаллими калон Рузиев У.Ш., гузаронида шуд. Дар дарс як чанд омӯзгорон иштирок доштанд:

 
There are no translations available.

ВОКӮНИШИ ҶАВОНОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БА ҲУКУМАТДОРОН ВА МАРДУМИ ДӮСТУ БАРОДАРИ ЛИТВИЯ.

Таърихи ташаккули миллатҳои дунё нишон медиҳад, ки ҳар як миллат дар баробари фарзандони ватандӯсту ватанпарвар, инсондӯсту башардӯст ва созандаю бунёдкор, мутаассифона фарзандони хоину бадхоҳ ва бадсиришту ватанфуруш низ дорад, ки ҳеҷ гоҳ шукронаи соҳибдавлатӣ накарда, Ватану сарзаминашонро бо кучактарин чиз ба хоҷагонашон мефурушанд.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

КОРРУПСИЯ - ОМИЛИ БОЛОРАВИИ САТҲИ КАМБИЗОАТӢ
Дар таърихи 17 майи соли 2023 ҷиҳати татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мулоқоти намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ баргузор гардид. Ҷамъомади мазкурро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод ифтитоҳ намуда, доир ба ҷилавгирӣ аз амалҳои коррупсинӣ изҳори андеша намуд. Сипас, подполковники адлия, сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриён Василбек Қурбон доир ба “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баромад намуда, ҳамзамон таъкид намуд, ки барои пешгирӣ ва решакан кардани амалҳои коррупсионӣ на танҳо мақомоти давлатӣ, балки ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст.
 
Хабарҳо
There are no translations available.

 

РУШДИ ИЛМҲОИ ХИМИЯ, ТЕХНОЛОГИЯ ВА ЭКОЛОГИЯ
Дар таърихи 12 майи соли 2023 бо ибиткори раёсати донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо факултети химия бахшида ба 20-солагии таъсисёбии кафедраи технология ва эколгияи химиявӣ ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” таҳти унвони “Рушди илмҳои химия, технология ва экология” конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Ҷаласаи ифтитоҳии конференсияро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод ҳусни ифтитоҳ бахшида, сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозодаро ироа намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шудааст ва ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеяи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.”
 


Страница 484 из 654
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj