• Таджикский
  • Руский
  • Английский
tgpu
Хабарҳо
There are no translations available.

ИБОДУЛЛОЗОДА: СОДИҚОНА ХИДМАТ НАМУДАНРО БОЯД АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОМУХТ!
18-уми апрели соли 2023 бори нахуст бо ибткори Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 25 нафар донишҷӯён ихтиёран хидмати ҳарбиро интихоб намуданд, ки Раёсати донишгоҳ наваскаронро дар саҳни бинои асосӣ истиқбол намуда, дар шароити тантанавӣ ба хидмати ҳарбӣ фиристода шуданд.
Дар маросими истиқболи наваскарон Аҳлиддин Ибодуллозода суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист ва ҳамагии мо бояд содиқона ба Ватан хидмат намуданро аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат омӯзему дар ин замина ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода намоем.
 
There are no translations available.

Ҷонибдори сиёсати Пешвои миллатем

Солҳои 1989-1990 бо пароканда шудани сохтори муқтадири собиқ Шӯравӣ ва заиф гаштани сутунҳои ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муддате вазъи носолим ва низоъҳои дохилӣ ба миён омада, ба хоҷагии халқ хисороти зиёд ворид намуданд. Ин фоҷиаи гарон то соли 1997 давом кард, ки дар натиҷа ҳазорон нафар ҳамватанони мо аз манзили истиқоматӣ маҳрум монда, садҳо тан ҷавонони баркамол «ҳезум» бар оташи пуралангаи ҷанг гардида, даҳҳо кӯдакони дигар дар кӯчаву хиёбонҳо қурбони гуруснагии давр шуданд.

 
There are no translations available.

Ҳисоботи

мудири кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодӣ

Дар кафедраи мазкур як қатор корҳо ва чорабиниҳо гузаронида шуд аз санаи 29.11.2017 то 05.12.2017:

1. Қабули корҳи курсӣ дар кафедра идома дарад. Якчанд корҳои курсии донишҷӯён қабул карда шуданд ва устодони кафедра бо донишҷӯён коркарда истадаанд;

2. Мувофиқи нақшаи тасдиқшуда дар кафедра ба дарси ҳамдигардароии ассистент Гадоев Д.Р., гузаронида шуд. Дар дарс як чанд омӯзгорон иштирок доштанд: мудири кафедра Рузиев У.Ш., н.и.и., дотсент Азизов Ш.С., ассистентон: Нуров А.Г. ва Амаков И.Б.;

 
Хабарҳо
There are no translations available.

РЕКТОР: ФАЪОЛИЯТИ БАЪЗЕ АЗ ДЕКАНОНРО ТАНЗИМИ ҶИДДӢ МЕБОЯД ТО РИСОЛАТАШОНРО ДАРК КУНАНД!
Имрӯз, 17-уми апрели соли 2023 ҷаласаи васеи назоратии Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ бо ширкати муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва сардрони шуъбаҳо ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия баргузор гардид.
Дар ҷаласа Аҳлиддин Ибодуллозода якқатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла фаъолияти қисми таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва хоҷагидориро мавриди баррасӣ қарор дод.
 
Хабарҳо
There are no translations available.

БАРРАСИИ МАВЗУОТИ МУҲИМ ДАР ҶАРАЁНИ КОНФРЕНСИЯ

Возможно, это изображение 5 человек и помостДар таърихи 15 апрели соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик таҳти талаботи якчанд барномаҳо, аз ҷумла “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон (солҳои 2023-2027)”, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)” ва ба ифтихори 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур  сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм, дотсент Сироҷиддин Ниёзӣ, котиби илмии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруфи Расул, директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳо Анвар Қодиров ба ҳайси меҳмони ифтихорӣ ширкат намуданд. Ҷаласаро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод оғоз намуда, зимни суханронӣ иброз дошт, ки Садриддин Айнӣ дар воқеъ шахсиятест, ки бо мероси адабӣ ва илмӣ-таҳқиқотии хеш дар муаррифии таъриху маданияти миллати тоҷик ба ҷаҳониён нақши бориз гузоштааст.

 


Страница 488 из 654
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj