|
There are no translations available.
Ватан аз амният бошад шукуфо
Ваҳдат ободии Ватан, бебаҳотарин неъмати рӯзгори мост ва шукрона мекунем, ки он ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон , фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон насибамон гардидааст.
Инчунин, Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафии сулҳофарӣ, фарҳангпарварию таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ДОНИШГОҲ ТАБОДУЛИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНРО БО ДОНИШГОҲҲОИ ХОРИҶИ КИШВАР БА РОҲ МЕМОНАД
15-уми апрели соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мулоқот бо намояндагони донишгоҳҳои Пекин, Баптистии Ҳонгконг ва Коллеҷи Байналмилалии Муттаҳид (UIC) – и Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Зимни ташриф намояндагонро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Рухшона Қурбонзода ва чанде аз кормандони донишгоҳ истиқбол намуда, мулоқоти судманд анҷом доданд.
Зимнан дар доираи ташриф ҷонибҳо масъалаи тақвияти ҳамкориҳои судмандро бо донишгоҳҳои Пекин, Баптистии Ҳонгконг ва инчунин Коллеҷи Байналмилалии Муттаҳид (UIC) – и Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати идомаи таҳсил дар бахшҳои магистратура ва таҷрибаомӯзӣ, табодули донишҷӯёну омӯзгорон изҳори назар намуданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ҒОЛИБИЯТИ МАТЕМАТИКОНИ ҶАВОНИ ДОНИШГОҲ
Тибқи маълумоти мавҷуда донишҷӯёни курси 5, ихтисоси математика-физика ва ихтисоси математика-информатикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар таърихи 10 апрели соли 2023 дар олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия баргузор шуд, иштирок карда, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. Дар ин ҷода нафарони зерин ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд:
Лочинов Раҳим Саймуддинович (донишҷӯи курси 5 ) – сазовори ҷойи III;
Бобоқулов Муслимҷон Бобобекович (донишҷӯи курси 5 ) - сазовори ҷойи IV;
Қаюмов Зафар Абдусаломович (донишҷӯи курси 5 ) – сазовори ҷойи V;
Каримзода Файзалӣ Нурмаҳмад (донишҷӯи курси 5) - сазовори ҷойи VI.
|
|
|
There are no translations available.
Табиби халқӣ
05.12.2017 соати 12 00 дар толори бинои асосии Донишгоҳ аз ҷониби факултети биология мизи мудаввар дар мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати тиббии мардум ”бахшида ба кор ва фаъолияти Мирзоюсуф Тоҳирӣ баргузор гардид. Мирзоюсуф Тоҳирӣ -шоири Зарафшонӣ, табиби халқӣ, таърихчӣ, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон беҳтарин табиби халқии Тоҷикистон дар соли 2010 ва ғолиби озмуни табибони халқӣ дар соли 2013 гузаронида шуд.
|
|
There are no translations available.
Дарси 2
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти паст гардонидани сатҳи камбизоатӣ ва натиҷаҳои назарраси он.
Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи раёсати Донишгоҳ оид ба баргӯзории машғулиятҳои дарсӣ(факултативӣ) оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20.11.2017 факултетҳо бояд дарсҳои худро бо донишҷӯёни факултет дар толори бинои асосии Донишгоҳ гузаронанд.
Санаи 30.11.2017 аз ҷониби факултети забонҳои романӣ-германӣ машғулияти дарсӣ
|
|
|
|
|
|
|
Страница 489 из 654 |