• Таджикский
  • Руский
  • Английский
tgpu
Хабарҳо
There are no translations available.

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ЗАБОНШИНОСӢ, ТАРҶУМА ВА МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ДАР МАКОТИБИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ

Дар таърихи 11 марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, амалигардонии “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030” ва 80 солагии профессор Парвонахон Ҷамшедов таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, тарҷума ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ дар макотиби таҳсилоти олӣ” конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид. Ҷаласаи ифтитоҳии конференсияро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод оғоз намуда, сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозодаро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла омадааст, ки  донистани забонҳои хориҷӣ роҳи моро барои расидан ба комёбиву муваффақиятҳо кушода месозад. Забондонӣ шарти асосии ҷаҳондонӣ ва ҷаҳонишавии шахс аст.

 
There are no translations available.

Ҳисоботи

мудири кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодӣ

Дар кафедраи мазкур як қатор корҳо ва чорабиниҳо гузаронида шуд аз санаи 22.11.2017 то 28.11.2017:

  1. Таёрии олимпияда аз фанни назарияи иқтисодиёт дар назди кафедра таҳти роҳбарии омӯзгори ҷавон Гадоев Д.Р., бароҳ монда шуд;
  2. Тибқи нақшаи тасдиқшуда дар кафедра ба дарси ҳамдигардароии ассистент Амаков И.Б., як чанд омӯзгорон иштирок доштанд: мудири кафедра Рузиев У.Ш., н.и.и., дотсент Азизов Ш.С., ассистент Гадоев Д.Р.;
  3. Аз ҳисоботҳои устодони кафедра бар меояд,
 
There are no translations available.

Ахлоқи ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҷаҳонишавии илму техника ва пайдо шудани шабакаи глобалии Интернет, махсусан,  дар замони муосир ҳамчун як ниҳоди таъсирнок ва пур аз зиддият ҷомеаро ба ташвиш ва нооромиҳо оварда истодааст. Яъне, ин шабакаи ҷаҳонӣ ба майдони ҷанги фикрӣ мубаддал гаштааст. Ҷангҳои фикрӣ, албатта, ба воситаи забон амалӣ мешаванд.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

 

РЕКТОР: АКСИЯИ ТАҚДИМИ ГУЛҲО ДАР РӮЗИ МОДАР АРҶГУЗОРӢ БА МОДАРОНУ БОНУВОН АСТ!

Возможно, это изображение 3 человека, люди стоят и на открытом воздухеСубҳи 7-уми марти соли равон бо дастури Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аксияи “Тақдими гулҳо”дар арафаи ҷашни “Рӯзи Модар” баргузор карду шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки аз шуморои умумии кормандон ва омӯзгорони Донишгоҳ 550 нафари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд, ки зиёда аз 80 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд.
Аксияи мазкур ба таври оммавӣ бори нахуст баҳри гиромидошти бонувоне, ки дар Донишгоҳ фаъолият менамоянд гирифта шуда, хотири занону бонувонро бисёр болида гардонид.
 
Хабарҳо
There are no translations available.

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ИЛМӢ - МЕТОДӢ

24 феврали соли 2023 ҷаласаи навбатии Шурои илмӣ-методӣ баргузор гардид. Ҷаласаро раиси шуро, муовини ректор оид ба корҳои илмии донишгоҳ, профессор Дониёр Сангинзод оғоз бахшида, аъзоёни шуроро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Дар идома гузоришҳои сардори раёсати таълим Сулаймонов И. оиди истифодаи усулҳои фаъоли таълим ва татбиқи технологияи нав дар раванди таълим, сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Мансурова З. оиди вазъи корҳои таълимию методӣ, илмӣ ва сифати тайёр кардани мутахассисон дар кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, сардори гурӯҳи корӣ Каримов Ш. оид ба вазъи ҳуҷҷатгузории Шурои  илмӣ-методии факултетҳо ва иҷрои қарорҳои Шурои илмӣ-методии донишгоҳ, сардори маркази хизматрасонии техникӣ ва коммуникатсионӣ Лутфуллои С. оид ба вазъи синфхонаҳои компютерӣ, шароити таъминот, дастрасии интернет ва истифодаи тахтаи электронӣ дар раванди таълим шунида шуданд.

 


Страница 492 из 654
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj