|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОН
Дар таърихи 8-уми феврали соли 2023 таҳти роҳбарии раиси Шурои олимон А. Ибодуллозода ҷаласаи навбатии Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардида, як қатор масъалаҳои асосӣ, ташкилӣ ва ҷорӣ матраҳ гардиданд. Аз ҷумла, сардори Раёсати таълим И.Сулаймонов оид ба ҷамъбасти даври асосии сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2022, сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев С. бобати вазъи иҷрои барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои солҳои 2020-2040 дар факултетҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, сардори Маркази табъу нашр, тарҷума ва баргардон Мардонзода Ҷ. оид ба фаъолияти Маркази табъу нашр, тарҷума ва баргардон дар соли 2022 ва нақшаи дурнамо барои соли 2023, Н. Абдурашитов оид ба иҷрои қарорҳои Шурои олимон гузориш ироа карданд.
|
|
|
There are no translations available.
25-умин солгарди 16-ум "Иҷлосияи Шурои Олӣ"
Санаи 17.11.2017 бо ташабусси садорати факултети забонҳои Романӣ-германии ДДОТ ба номи С. Айнӣ конференсия бахшида ба 25-умин солгарди 16-ум "Иҷлосияи Шурои Олӣ", "Рӯзи Президент" ва "Рӯзи парчам" дар толори бинои асосии донишгоҳ баргӯзор гардид.
Декани факултет муҳтарам Зикирзода Ҳ. бо сухани ифтитоҳӣ ба конференсия ҳусни оғоз бахшид!
Инчунин маърӯза аз ҷониби муовини ректор муҳтарама Бобокалонова Р. 16-ум Иҷлосияи Шурои Олӣ,
|
|
There are no translations available.
Эълон
Ба диққати устодон ва донишҷӯёни ихтисосҳои бахши иқтисодӣ расонида мешавад, ки санаи 29.11.2017 соати 13:00 дар бинои таълимии № 11 синфхонаи 22 дарси кушоди намунавӣ бо иштироки дотсент Ашуров Ғ.Д. ва ассистент Ибодов Н.Ҳ дар мавзӯи «Бозори суғурта дар Тоҷикистон» баргузор мешавад. Иштироки устодон ва донишҷӯёнро интизорем.
Маъмурияти кафедраи Асосҳои соҳибкорӣ ва иқтисодиёт. |
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
РИОЯИ ИНТИЗОМИ МЕҲНАТ ҲАТМИСТ
Дар таърихи 6 феврали соли 2023 дар факултети забонҳои романӣ-германӣ бо иштироки муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Наҳтулло Айнулозода, раиси Иттифоқи касабаи устодону кормандон Ҳобил Зикирзода ва муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Шаҳриёр Мирзозода ҷаласа баргузор гардид. Зимни ҷаласа Наҳтулло Айнулозода оид ба интизоми меҳнат ва ҷавобгарӣ нисбати вайрон кардани талаботи низоми меҳнат сухан ронда, таъкид намуд, ки талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи донишгоҳ оид ба интизоми меҳнат аз тарафи кормандону устодони факултет бояд риоя карда шавад ва агар дар ҳолатҳои вайрон гардидани меъёрҳои интизоми меҳнат аз тарафи устодону кормандон мушоҳида шавад, нисбати онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ШАРҲИ НУКТАҲОИ ПАЁМ ДАР ФАКУЛТЕТИ ПСИХОЛОГИЯ
Дар таърихи 6 феврали соли 2023 дар факултети психология ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Айнуллозода Наҳтулло, декани факултет Дадабоева Мадина, раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯён Раҷабов Дилшод, сармутахаcсиси шуъбаи тарбия Ҳасанов Ҳусейн, муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Носирова Гулноза ва як устодону донишҷӯён иштирок карданд. Зимни ҳамоиш нуктаҳои асосии Паём шарҳу тавзеҳ дода шуда, аз ҷумла зикр карда шуд, ки Пешвои миллат, аз ҷумла дар Паёми худ иброз доштанд, ки дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд. Инчунин гуфта шуд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дастури муҳим ва роҳнамо барои ҳар як сокини кишвар маҳсуб ёфта, ҳар як шахси ватандӯстро водор месозад, ки дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши мондагор дошта бошад.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 496 из 654 |