• Таджикский
  • Руский
  • Английский
tgpu
Хабарҳо
There are no translations available.

ҲАМОИШИ ИЛМӢ ДАР БОБИ ТАРҒИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Дар таърихи 26 январи соли 2023 бо ибтикори маъмурияти Маркази таълимии касбомӯзии шаҳри Норак, ки аз ҷумлаи сохторҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад, ҳамоиши илмӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, омӯзгорону шунавандадухтарони курсҳои ҳисобдорӣ ва дӯзандагӣ иштирок намуданд. Директори марказ Саидов Баҳодур тавассути суҳбати телефонӣ зикр кард, ки ҳамоиши мазкур таҳти унвони “Озмуни “ Тоҷикон – оинаи таърихи миллат”- омили худшиносии миллӣ” бо роҳбарии корманди бахши кадрҳо Маҳбуба Каримова ҷараён гирифта, ҳадафи асосии он ҷалб кардани довталабон ҷиҳати иштирок дар озмуни мазкур мебошад.

 
There are no translations available.

С. Р. Мирзозода: «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бидуни шак, дар кӯшиши табаддулот даст дошт»

Дар рӯзномаи «Ҷумҳурият»,  шумораи №224(23305) аз 31 октябри соли 2017 суҳбати ихтисосии хабарнигори рӯзнома бо муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбӣ генерал-майори адлия С. Р. Мирзозода нашр шудааст, ки онро дар зер бознашр менамоем:

Дар ҷаҳони муосир падидаи нангини экстремизм ва

 
There are no translations available.

ПАЙВАНДОНИ ҲАЙДАР ҚОСИМОВ:

“ҚАТЛИ ҚАҲРАМОНИ ИТИФОКИ СОВЕТИ ҲАЛҚАЕ ДАР ЗАНҶИРИ КУШТОРҲОИ ЧЕҲРАҲОИ САРШИНОС АЗ ҶОНИБИ НАҲЗАТИҲОСТ”

Пайвандон ва дӯстони Қаҳрамони СССР аз Тоҷикистон Ҳайдар Қосимов, иддао доранд, ки ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи ӯ ҳалқае аз занҷираи кушторҳои силсилавии чеҳраҳои саршиноси тоҷик аз ҷониби ҲНИТ дар солҳои 90-уми асри гузашта аст. Онҳо мегӯянд, ки Ҳайдар Қосимовро низ дар қатори Сафаралӣ Кенҷаев, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Муҳиддин Олимпур,

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ДАСТОВАРДИ ИЛМИИ ОЛИМИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ

Чӣ тавре, ки маълум аст, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии факултети математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Назаров Аҳтам Пулотович методи  гузаронидани корҳои контролиро бо номи “Методи Пулот” эҷод кардааст. Дар заминаи методи мазкур якчанд барномаҳои компютериро сохтааст, ки натанҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Белоруссия низ мавриди истифода мебошад. Дар ин баробар дотсент Назаров А.П. оид ба илмҳои методикаи таълими математика ва информатика, таърихи информатика, барномасозӣ ва амсоли инҳо мақолаҳои пурмазмуни илмию методиро нашр менамояд. Дар шумораи №3 (3), 2020, саҳ. 32-36 Паёми Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, (Серияи 2. Педагогика ва психология, назария ва методикаи таълим) мақолаи илмии ӯ таҳти унвони “Давраҳои таърихии таълими информатика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” ба табъ расида буд, ки  таваҷҷуҳи доираи олимон ва методистони Федератсияи Россияро ба худ ҷалб кардааст. Дар ҳамин асос мақолаи мазкур  ба озмуни байналхалқии XXV “Ташкилоти умумироссиягии коркардҳои илмӣ-тадқиқотии Россия” “ОНР ПТСАЙНС” пешниҳод шудааст, ки ин падида боиси ифтихори мо мебошад.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

БАРРАСИИ КОРҲОИ ТАШКИЛӢ ҶИҲАТИ ОҒОЗИ НИМСОЛАИ ДУЮМИ ТАҲСИЛ

Тибқи дастури ректори донишгоҳ, профессор Ибодуллозода Аҳлиддин дар факултетҳои донишгоҳ бо иштироки муовинони ректор ҷаласаи ҳисоботӣ оиди омодагии факултетҳо ба нимсолаи дуюми соли таҳсил баргузор гардида истодааст. Зимнан, дар таърихи 24 январи соли 2023 чунин ҷаласа дар факултети биология баргузор гардид, ки дар муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Айнуллозода Наҳтулло, сардори раёсати таълим Искандар Сулаймонов, муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Мирзозода Шаҳриёр ширкат намуданд. Дар рафти ҷаласа як қатор масъала, аз ҷумла омодагӣ ба нимсолаи дуюми соли таҳсил, муҳокимаи натиҷаи сессия дар шӯрои олимони факултет ва ҷаласаҳои кафедраҳо, ҷамъбасти даври фаъоли сессияи зимистона, таъйин намудани донишҷӯёни аълохон бо стипендия, ташкили триместр, беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, истифодаи васоити техникии таълим дар дарсҳо, омода намудани дарсҳои видеоӣ, риояи интизоми меҳнат, омодагӣ ба аттестатсияи навбатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 


Страница 502 из 654
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj