• Таджикский
  • Руский
  • Английский
tgpu
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАТБИҚИ ДАСТУРИ РЕКТОР

Тибқи дастури ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода ҷиҳати амалигардонии “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва иҷрои талаботи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба ҳифзи 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар факултетҳои Донишгоҳ санҷиш баргузор карда шуда истодааст.

 
There are no translations available.

Тибқи Нақшаи ҷаласаҳои Раёсати Донишгоҳ
маҷлиси назоратии навбатии Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар таърихи 10-10-2017 баргузор гардид.

Ҷаласаи навбатии назоратии назди Ректор аз масъалаҳои зерин иборат буданд.
1. Ҷамъбасти сессияи имтиҳонии нимсолаи аввали донишҷӯёни курсҳои 5-6-уми шакли таҳсили ғоибона (Нарзуллоев М./ деканони факултетҳо)
2. Омодагии кафедраҳои Донишгоҳ ҷиҳати қабули имтиҳонҳои фосилавии

 
There are no translations available.

 

Мағозаи донишгоҳ 10 октябри соли 2017 намоиш ва фуруши китобҳоро дар саҳни донишгоҳ ба роҳ монданд. Дар намоиш китобҳои тозанашре, ки аз ҷониби матбааи донишгоҳ ба чоп расидаанд.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

БАРРАСИИ ҲИСОБОТИ СОЛОНА ДАР ФАКУЛТЕТИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА СОҲИБКОРӢ

Тибқи нақша дар таърихи 30 ноябри соли 2022 дар факултети технология ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи ҳисоботӣ марбут ба ҳама самтҳои фаъолият баргузор гардид, ки дар ҳузури муовини ректор оид ба корҳои илми донишгоҳ, профессор Сангинзод Д.Ш., сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Хайров Т., мудири бахши табъу нашр Мардонзода Ҷ., садорати факултет, мудирони кафедраҳо ва як қатор омӯзгорон-аъзои шурои олимони факултет ҳисоботи солонаи бахши илми факултет ироа гардид.
Ҷаласаи ҳисоботиро декани факултет Ширинов М.Ч. ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки дар ҷаласаи ҳисоботӣ ҳама, омӯзгорон-аъзои шурои олимони факултет ҳузур доранд. Сипас ҳисоботи солонаи фаъолияти илмии факултет аз тарафи мавсуф ироа гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Вобаста ба нуқсу камбудиҳои ҷойдошта эроду музокираҳо пешниҳод гардиданд.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ МАҚОЛАИ “МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТАҶОВУЗГАР НЕСТ?”

Вобаста ба масоили марзии байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҳатто бо даргириҳои хунин анҷом ёфта буд, дар рӯзҳои наздик дар саҳифоти фейсбукӣ мақолаи таҳлилгари масоили байналмилалии сиёсӣ Абдуллоҳи Роҳнамо ба табъ расида буд. Дар таърихи 30-юми ноябри соли равон дар факултети технология ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи мақолаи мазкур мизи мудаввар баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д. Ш., мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Хайров Т., мудири шуъбаи табъу нашр Мардонзода Ҷ., декани факултет Ширинов Б. ҳамроҳ бо муовинони худ ва инчунин як зумра донишҷӯёни факултети мазкур ширкат намуданд.

 


Страница 529 из 654
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj