|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ РОМАНӢ-ГЕРМАНӢ
Дар таърихи 28-уми ноябри соли 2022 дар факултет забонҳои романӣ-германӣ бахшида ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар гурӯҳи 110, ихтисоси забони муосири олмонӣ-тарҷумон дарси кушоди тарбиявӣ баргузор карда шуд. Дар дарси кушод декани факултет Қувватова С.М., раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯён Раҷабов Д., мудири бахши кор бо занону бонувон Далатзода М., мутахасиси шуъбаи тарбия Исломзода Ф., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Каримов Д. ва як зумра устодону донишҷӯён ширкат намуданд. Дарсро Мадиева У., сарпарасти гурӯҳ ҳусни оғоз бахшид. Баъдан донишҷӯён барномаи омода намудаи худро, ки аз маърӯза, сурудхонӣ ва саҳначаи тарбиявӣ иборат буд, пешкаши ҳозирин намуданд.
|
|
|
There are no translations available.
То табаддулот се рӯз монда буд. Мусоҳиба бо судяе, ки фаъолияти ҲНИТ-ро манъ намуд
Қарори Суди Олии ҶТ дар бораи манъ кардани фаъолияти ҲНИТ ва ҳамчун ташкилоти террористӣ -экстремистӣ шинохтани он боиси ҳамоиши ҷонибдорони ин ҳизб дар шаҳрҳои Берлин ва Варшаваи Лаҳистон гардид. Дар ин ҳамоишҳо қонунӣ будани ин қарор зери шубҳа гузошта мешавад. Оё Суди Олии ҶТ барои чунин қарор баровардан асоси ҳуқуқӣ дошт ва ё ин амал дар доираи як иқдоми сиёсӣ сурат гирифт? Барои дарёфти посух ба ин савол ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо як номаи расмӣ ба Суди Олии ҶТ муроҷиат намуд. Азизов Шамс Одинаевич, судяи Суди Олӣ, ки ҳалномаи судиро дар бораи
|
|
There are no translations available.
Макун чун ғунча сарфи хоб шабҳои ҷавониро

Дар расмҳои зер, донишҷӯёнеанд, ки рӯзи 29-уми сентябр ба дарс дер мондаанд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ ВА ҲУҚУҚ
Тибқи ҷадвал дар таърихи 28-уми ноябри соли 2022 дар факултети таърих ва ҳуқуқи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҳисоботи солонаи илмии факултет шунида шуд. Ҷаласаи ҳисоботиро декани факултет профессор А. Ҳусайнов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро муаррифӣ кард. Сипас, муовини декан оид ба корҳои илм н.и.т., дотсент А. Умаров ҳисоботи солонаро ироа карда, дар бораи бурду бохти факултет дар бахши маълумоти муфассал дод. Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д. Ш. доир ба камбудиҳои ҷойдошта эродҳои хешро ба садорати факултет расонда, барои ислоҳи онҳо маслиҳатҳои судманд дод. Ҳамчунин, сардори раёсати таълим Сулаймонов И., мудири бахши табъу нашр Ҷ. Мардонзода ва сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия З. Мусомирова вобаста ба роҳҳои бартараф намудани камбудиҳо изҳори андеша намуданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
БАРРАСИИ ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ ФАКУЛТЕТИ ГЕОГРАФИЯ
Тибқи нақша дар таърихи 28 ноябри соли 2022 дар факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи ҳисоботӣ баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба корҳои илми донишгоҳ, профессор Сангинзод Д.Ш., сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев С., сардори раёсати таълим Сулаймонов И., мудири бахши табъу нашр Мардонзода Ҷ., садорати факултет, мудирони кафедраҳо ва як қатор омӯзгорон-аъзои шурои олимони факултет ширкат варзиданд.
Ҷаласаи ҳисоботиро декани факултет Қаландаров А. ифтитоҳ намуд, Сипас ҳисоботи солонаи фаъолияти илмии факултет аз тарафи муовини декан оид ба корҳои илмӣ Имомов А. ироа гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Вобаста ба нуқсу камбудиҳои ҷойдошта эроду музокираҳо пешниҳод гардиданд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 533 из 654 |