|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Дар таърихи 25-уми ноябр дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" ҷамъбаст гардид. Дар озмуни мазкур 3 нафар донишҷӯ аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ширкат намуда, 2 нафари онҳо аз рӯи номинатсияи география сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд: Садриддинов Озодбахт, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси геогрфия сазовори ҷойи якум ва Зиёев Ҳузуриддин, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси география-биология сазовори ҷойи 2-юм.
|
|
|
There are no translations available.
Беҳбудии иқтисодиёт пешрафти ҷаҳон
Бо мақсади ҷалб намудани донишҷӯён барои такмили дониш ва таҳлили тамоюли тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ 25-уми сентябр дар толори Шӯрои олимони факултаи технология ва иқтисодиёт бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии «Назарияи иқтисодӣ» маҳфили илмию амалӣ бо номи «Сармояи инсонӣ» дар мавзӯи «Таҳлили нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Маҳфилро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ш.Азизов
|
|
There are no translations available.
Донистани забони тоҷикӣ ҳатмист
Таҳлили мухтасаре доир ба раванди забономӯзии
донишҷӯёни бурунмарзӣ
Дар донишгоҳи мо зиёда аз 1718 нафар донишҷӯи хориҷӣ дар шуъбаи рӯзона ва беш аз 96 нафар дар шуъбаи ѓоибона таҳсил менамоянд. Дар ин мақола сатҳи забондонӣ ва азхудкунии дарсҳои таълимии онҳоро мавриди баррасӣ қарор додем.
Розия Абдуллоева, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, раванди таҳсили донишҷӯёни хориҷиро хуб арзёбӣ мекунад ва омӯхтани забони таҳсилашонро (баъзе дар гурӯҳҳои русӣ ва баъзе дар гурӯҳҳои тоҷикӣ таҳсил мекунанд) барои онҳо ҳатмӣ
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР РОҲПАЙМОӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ
Субҳи 24 ноябри соли 2022 аз «Майдони Истиқлол»-и шаҳри Душанбе то майдони Парчами давлатӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паради идона ва роҳпаймоӣ таҳти унвони «Парчам – рамзи ҳувВияти миллӣ ва иттиҳоди миллати тоҷик» бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории ТоҶикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Инчунин дар роҳпаймоии идонаи имрӯза ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ зиёда аз 10 000 нафар иштирокчиён, аз ҷумла кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, варзишгарон, сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи дастури ректори муассиса, муҳтарам Аҳлиддин Ибодуллозода бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон ва кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ нимаи дуюми рӯзи 24-уми ноябри соли равон мусобиқаи футбол дар байни чаҳордаҳ дастаи донишҷӯйписарони факултетҳо оғоз гардид. Дар маросими оғози мусобиқа муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ, муҳтарам Айнуллозода Наҳтуллло, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Давлатшо Каримов, мудири бахши таҳлил, робита ва кор бо ҷомеа Шараф Алланазаров, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён Дилшод Раҷабов, мудири кафедраи тарбияи кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ Намозов Тошқул, чаҳордаҳ дастаи факултетҳо ва як қисмат мухлисони футбол иштирок доштанд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 535 из 654 |