• Таджикский
  • Руский
  • Английский
tgpu
There are no translations available.

Маводи судманд барои донишҷӯён

«Комплекси таълимию методӣ аз физикаи умумӣ» (Механика) китобест, ки устодони факултаи физикаи донишгоҳ А.Неъматов, С.Сияҳаков ва А.Мирзомамадов таълиф кардаанд. Китоб ба сифати маводи омӯзиш барои омӯзгорону донишҷӯёни ихтисосҳои физика, физика-математика, таълими касбӣ: радиоэлектроника, таълими касбӣ: энергетикаи донишгоҳу донишкадаҳои омӯзгорӣ ва соҳавӣ, коллеҷҳои омӯзгорӣ ва касбию техникӣ омода шудааст.

Истифодаи маводи мазкур имконият медиҳад, ки ҳаводорони фан соҳиби дониши назариявӣ, малакаҳои тахассусӣ ва ба як қатор салоҳиятҳои касбӣ ноил гарданд. Матни лексияҳо, маводи дарсҳои амалӣ, номгӯи супоришҳо барои машѓулиятҳои КМДРО ва КМД, шарҳи мафҳумҳои асосӣ ва истилоҳоти илмӣ, феҳристи адабиёти асосӣ ва иловагӣ барои мустақилона аз худ намудани мавзӯъҳо ва ҳалли масъалаҳои гузошташуда мусоидат карда метавонад.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ШАНБЕГӢ ДАР ДОНИШГОҲ
Имрӯз, санаи 20-уми ноябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори садорати факултети математика ва информатика ҷиҳати тозаву зебо нигоҳ доштани саҳни Донишгоҳ ва атрофи он шанбегӣ баргузор карда шуд. Дар шанбегӣ устодону кормандони факултети болозикр ширкат намуда, роҳравҳо, майдону боғи паси биноҳоро аз хасу хазонрезаҳо тоза намуданд. Маврид ба зикр аст, ки раёсати Донишгоҳ барои ҳамеша сарсабз нигоҳ доштани саҳни биноҳои таълимӣ ва роҳравҳои дохилу беруни он ҳамеша тадбирҳои зиёди судманд меандешад ва гулу гулкорӣ намудан, нарм сохтан низ аз мақсаду маромҳои доимии ҳайати кормандони Донишгоҳ ба ҳисоб меравад.
 
Хабарҳо
There are no translations available.

БАРРАСИИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ БА ТАЪЛИМ

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори садорати факултети физика бахшида ба амалигардонии барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)” конференсияи илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Проблемаҳои татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои табиӣ-математикӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаву олии касбӣ” Дар таърихи 19-уми ноябри соли 2022 баргузор  гардид. Ҳамоиши илмии мазкурро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод ифтитоҳ карда, аз номи ректори Донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода иштирокчиёни конференсияро хайрамақдам намуд. Мавсуф зимни суханронии хеш иброз дошт, ки солҳои 2020 - 2040 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам тақвият намудани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шудааст.

 
There are no translations available.

«Химияи органикӣ»-китоби дарсӣ

Омӯзгорони соҳибтаҷрибаи факултаи химияи донишгоҳ С. Бандаев, Д.Муродов, Т.Гулов ва А.Касирова китоби дарсиеро бо номи «Химияи органикӣ» таълиф намуданд, ки бо ибтикори раёсат дар матбааи таълимгоҳ бо сифати баланд интишор гардид.

Китоби мазкур дар асоси барномаи таълимӣ, ки дар маҷлиси мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, навишта гардидааст. Дар китоб нуктаҳои асосии назарияи сохт ва механизми реаксияҳои пайвастҳои органикӣ, синфҳои асосии пайвастҳои органикӣ, сохт, хосият ва усулҳои ҳосил кардани онҳо таҳлил шудааст.

Химияи органикӣ яке аз қисмҳои муҳимтарини илми химия ба ҳисоб меравад. Ин фан сохти мантиқии хосро доро мебошад, ки омӯзиш ва донистани он барои донишҷӯён аҳамияти зарурӣ дорад.

 
There are no translations available.

Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯ

 

Зери унвони «Ашъори баргузида» гулчини шеърҳои Асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик, устоди сухан Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гирдоварӣ шудааст. Дар маҷмӯа талош шуда, ки аз ҳама анвои шеърӣ ва мавзӯоти осори Рӯдакӣ намунаҳо оварда шавад, то хонанда дар мавриди мероси адабии шоир тасаввуроти ҳарчи комилтар дошта бошад.

Азбаски бисёре аз пораҳои бозмондаи ашъори Рӯдакиро ба қатъият наметавон ба навъи адабии мушаххас нисбат дод, аз қисмат намудани китоб ба навъҳои адабӣ даст кашида шуда, барои осонии истифода аз он маҷмӯа дар асоси мавзӯъву мундариҷа таҳия гардидааст.

 


Страница 538 из 654
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj