• Таджикский
  • Руский
  • Английский
tgpu
There are no translations available.

Бар асоси квота 238 нафар соҳиби номи донишҷӯ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ шуданд

Имсол 238 нафар бар асоси квота ба факултаҳои гуногуни Донишгоҳ қабул шуданд.

Искандар Сулаймонов-Директори маркази бақайдгирӣ ва машваратии Донишгоҳи омӯзгорӣ дар суҳбат бо хабарнигори мо гуфт, ки  аз ҷумлаи ин 238 нафар 191 нафар аз ҳисоби квотаи соли 2017, 11 нафар квота барои ноҳияи Мурғоби ВМКБ вориди донишгоҳ шуданд.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

НАМУНАИ ДАРСИ КУШОДИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ

Имрӯз, дар таърихи 15 ноябри соли 2022 тавассути мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ (фаронсавӣ ва олмонӣ)-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин  Айнӣ, дотсент Куҷов Раҳматулло Мақсадович дар мавзуи “Дараҷаҳои сифат дар забони олмонӣ” дар гурӯҳи 108-и ихтисоси забони олмонӣ дарси кушоди намунавӣ баргузор шуд. Лозим ба зикр аст, ки тайёр кардани омўзгорони соҳибкасбу соҳибмаълумот ҳадафи асосии мактабҳои олии педагогӣ ба шумор меравад. Донишҷўёни имрўза, ки дар оянда аз ин ё он ихтисос омўзгор мешаванд, натанҳо фаъолияти касбии худро бояд комилан хуб донанд, балки дар баробари он ба асосҳои маҳорати педагогӣ мусаллаҳ гашта, методика ва технологияи таълими фанни тахассусиро дар мактаб ҳамаҷониба омўзанд, то ки дар раванди таълиму тарбияи хонандагон онро амалӣ гардонида тавонанд.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ҲАМКОРИҲОИ ДОНИШГОҲ ҶИҲАТИ ТАКМИЛИ ОМЎЗИШИ ЗАБОНҲОИ РУСИВУ АНГЛИСӢ

Бо ташаббуси ректори Донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳтар намудан ва сайқал додани раванди таълиму омўзиши забони англисӣ ва ҷиҳати иҷроиши “Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русиву англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар доираи ҳамкориҳои судманд бо ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” курс-тренинг барои омўзгорони фанни забони англисӣ дар Донишгоҳ оғоз гардид.
Даври аввали тренинги мазкур дар факултети филологияи тољик бо иштироки муовини ректор оид ба корњои илмӣ, профессор Сангинов Д.Ш., сардори Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳо Азимов М., директори ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” Мирпочоева Н., менеҷери барнома Мирзовафоева Г. ва 10 нафар омўзгорони факултети забони англисӣ ва забонҳои шарқ баргузор гардид.

 
There are no translations available.

Субҳи имрӯз 1525 нафар донишомӯзони нав вориди дарсхонаҳои  13 факултаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шуданд.

Дар аввалин рӯзи хониши соли 2017 – 2018 як ҳазору понсаду биступанҷ нафар донишҷӯёни нав вориди дарсхонаҳои 13 факултаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шуданд. Аввалин соати шиносоӣ бо низоми донишгоҳ бо пазироии гарми омӯзгорон шуруъ шуд.

Соли таҳсили ҷорӣ 667 нафар дар низоми буҷавӣ ва 858 тани дигар дар низоми шартномавӣ таҳсил хоҳанд кард.

 
There are no translations available.

Ҳақиқати як саҳифаи фоҷиабори таърих

Иқдоми пешгирифтаи кормандони маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия кардани филми «Омилони қатли Сафаралӣ Кенҷаев ошкор ва дастгир шуданд» бозгӯи ифшо шудани тинатҳои нопок, ҷоҳилияту разилӣ ва хиёнатпешагии собиқ муовини вазири мудофиа Назарзода Ҳалим, роҳбарони собиқ ҳизби наҳзати исломӣ - ҳизбе, ки бо фаъолияти ғайриқонунӣ ва кӯшишҳои террористию

 


Страница 544 из 654
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj