|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “ГЛОБУС”
Кафедраи географияи табии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар таърихи 1 ноябри соли 2022 маҳфили илмии хешро дар мавзўи “Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф” баргузор намуд. Маҳфили илмии мазкурро мудири кафедраи географияи табиӣ Рауфов Р.Н. кушода, доир ба ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки марбут ба соҳаи маориф мебошад, маълумоти мухтасар доданд.
|
|
|
There are no translations available.
«Авесто»-китоби ориёиён
Дар маҳфили илмии «Занд»-и кафедраи таърихи халқи тоҷик, ки 23-юми феврал баргузор гардид, мавзӯи «Дини зардуштия» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ибтидо роҳбари маҳфил суханронӣ намуда, мухтасар оид ба моҳияти таърихии мавзӯъ ақидаҳои хешро баён намуд.
Дар идома донишҷӯи соли 1-ум Муҳаммадато Атоев қайд кард,
|
|
15.03.2017 06:08 |
|
There are no translations available.
Донишҷӯи мо-кадбонуи беҳтарин
Тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо қисми тарбияи донишгоҳи мо 3-юми март дар донишгоҳ озмуни маърифатӣ-фарҳангии «Кадбонуи беҳтарин» миёни донишҷӯдухтарони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳи мо баргузор гардид.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
РОБИТАҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД
Дар таърихи 31-уми октябри соли ҷорӣ муовини ректори Донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Фаррух Худойдодзода дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 150-солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Маскав иштирок намуд. Мавсуф зимни ширкат дар чорабинии болозикр табрикоти Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори ДДОТ ба номи С. Айниро ҳамроҳ бо туҳфаҳои расмӣ ба ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Маскав А.В. Лубков тақдим намуд. Зимнан Ф. Худойдодзода дар ҷаласаи васеи шурои олимони ДДОМ иштирок намуда, баҳри таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бо роҳбарони муассисаҳои шарик мулоқот намуд.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ДАСТАИ БЕҲТАРИН СОҲИБИ "ҶОМИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ" ХОҲАД ШУД
Ҷиҳати иҷрои дастури ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати Рӯзи Кониститутсия ва 30-солагии иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла футбол, баскетбол ва шоҳмот миёни кормандон, донишҷӯдухтарону донишҷӯписарон барои дарёфти "Ҷоми ректори Донишгоҳ" аз 1-уми ноябри соли 2022 дар толори варзишии Донишгоҳ оғоз мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки соатҳои баргузории мусобиқаҳои варзишӣ барои донишҷӯёни басти якум баъд аз анҷоми дарс ва барои донишҷӯёни басти дуввум пеш аз оғози дарсҳо баргузор карда мешавад.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 559 из 654 |