|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ИШТИРОКИ МУОВИНИ РЕКТОР ДАР СИМПОЗИУМИ МИНТАҚАВӢ
Имрӯз дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси дафтари ЮНЕСКО ва барномаи омӯзишии Бонки ҷаҳонӣ ҳамроҳ бо вазоратҳои маориф ва илми кишварҳои Осиёи Миёна марбут ба роҳандозии барномаҳои табодули иттилоот, беҳтар сохтани натиҷаҳои таҳсилот, баланд бардоштани сифати фаъолият ва имкониятҳои омӯзгорон зери унвони «Омӯзгори соҳибкасб-миллати соҳибмаърифат» симпозиуми минтақавӣ баргузор мегардад. Ба ҳайси яке аз намояндагони кишвари мо дар кори симпозиуми мазкур муовини ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ оид ба корҳои таълим Айнуллозода Наҳтуло ширкат меварзанд.
|
|
|
There are no translations available.
Дар донишгоҳ Шӯрои нави дифоъ таъсис ёфт
Тибқи фармони №1554\нк-и Шӯрои олии аттестатсионии Федератсияи Русия аз 16-уми декабри соли 2016 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар риштаи адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ Шӯрои дифоъ таъсис дода шуд. Кушодашавии ин шӯро имкон медиҳад, ки минбаъд унвонҷӯён рисолаҳои номзадӣ ва доктории хешро дар донишгоҳ ҳимоя намоянд.
|
|
There are no translations available.
Таълими салоҳиятнокӣ-самараи хуби дониш
Бо мақсади батадриҷ мувофиқсозии низоми таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ-омӯзгории ҷумҳурӣ курсҳои омӯзишии таълими салоҳиятнокӣ гузаронида шуд. Курсҳо дар ду марҳила: аз 16-ум то 21-ум ва аз 23-юм то 28-уми январ давом карданд ва дар шаш гурӯҳ омӯзгорони донишгоҳи мо ихтисоси худро такмил доданд ва соҳиби сертификат гардиданд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
РОҲҲОИ НАВИШТАНИ ЛОИҲАИ ИЛМӢ-ФАРМОИШӢ ОСОНТАР МЕШАВАНД
Имрўз, дар толори фарҳангии Донишгоҳ семинари омўзишӣ дар мавзуи “Роҳҳои навиштани лоиҳаи илмӣ-фармоишӣ” баргузор гардид. Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод ҳангоми ифтитоҳи ин чорабинӣ зарурияти таълифи лоиҳаҳои илмиро дар рушду такомули соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, бахусус соҳаи маориф зикр карда иброз дошт, ки амалӣ намудани онҳо барои боло бурдани сифати таълим, инкишофи риштаҳои гуногуни илм самаранок хоҳад буд. Номбурда аз олимон, омўзгорон ва кормандони донишгоҳ даъват ба амал овард, ки дар навиштану амалӣ намудани лоиҳаҳои илмӣ-фармоишӣ саҳми фаъол гузоранд.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ РАВАНДҲОИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕЪА: ТЕРРОРИЗМ, ЭКСТРЕМИЗМ
Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Дар ҳамин асос тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ДДОТ ба номи С. Айнӣ бо ибтикори кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар мубориза бар зидди равандҳои номатлуби ҷомеа: терроризм ва эктремизм» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 563 из 654 |