• Таджикский
  • Руский
  • Английский
tgpu
Хабарҳо
There are no translations available.

ДОНИШГОҲ- KOICA: ОҒОЗИ ҲАМКОРИҲО БО АГЕНТИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КУРИЁ

Имрӯз Фаррух Худойдодзода, муовини ректор оид ба робитаҳои  хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо Ҷонг Минёнг, директори Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Куриё (KOICA) дар Тоҷикистон мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкориҳо дар самти ҷалби донишҷӯён ба курсҳои кутоҳмуддати забономӯзӣ, таҳсили донишҷӯён дар донишгоҳҳои Куриё, мубодилаи барномаҳои таълимӣ, маводҳои таълимию методӣ, таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ҳамкориҳо дар самти тадқиқотҳои илмӣ ибрози назар намуданд.

 
There are no translations available.

Эҳтироми забон шинохти миллат аст

Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ  дар донишгоҳ  бо ташаббуси факултаи филологияи тоҷик конфронси илмӣ баргузор гардид. Дар он декани факулта, номзади илмҳои филологӣ Боймурод Шарифов, профессор Ғаффор Ҷӯраев, директори Институти забон ва адабиёт ва мероси хаттии АИ ба номи Рӯдакӣ Сахидоди Раҳматулло ва мудири кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ Азиз Мирбобоев иштирок доштанд.

 
There are no translations available.

Ифротгароӣ хатари ҷаҳонӣ дорад

11-уми октябри соли равон дар факултаи таърих ба ифтихори 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Ифротгароӣ ва омилҳои хатарафзои он дар ҷомеаи муосири ҷаҳон» конфронс баргузор гардид. Дар ҷамъомад олими шинохтаи ҷумҳурӣ, файласуфи тоҷик Комил Бекзода ширкат варзид. Омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик Давлатшоҳ Маҳмудов ҳамоишро ҳусни оғоз бахшид.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАВАҶҶУҲИ ДОВТАЛАБОНИ ХОРИҶӢ БА ДОНИШГОҲ МЕАФЗОЯД

Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода созишномаи ҳамкориро миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Ширкати “Технологияи таълими Shangdon Daliangzao”-и Ҷумҳурии Халқии Чин ба имзо расонид. Созишномаи мазкур дар асоси дархост ва интихоби беш аз 1000 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва коллеҷҳои Ҷумҳурии Халқии Чин таҳия ва тасвиб шуда, ба таҳсил фаро гирифтани ин хатмкунандагонро дар зинаи бакалавриати Донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ ба тариқи фосилавӣ ва онлайнӣ дар назар дорад.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ҶУЗЪИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТИИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲ АСТ

Яке аз муҳимтарин вазифаҳое, ки дар назди тамоми донишгоҳои кишвар меистад, муқаррар намудани таносуби оқилона байни фаъолияти таълимӣ ва илмии омӯзгорон мебошад. Мутаассифона дар баъзе мавридҳо ҳангоми баҳо додан ба фаъолияти касбии омӯзгор ба фаъолияти илмии ӯ кам таваҷуҳ карда мешавад. Касб ва обруи омӯзгори донишгоҳ ба натиҷаи кори таълимии ӯ вобаста карда мешавад ва аксари омӯзгорон дар ҷараёни таълим ғутта зада, аз пешбурди тадқиқоти илмӣ дур мешаванд. 

 


Страница 582 из 654
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj