• Таджикский
  • Руский
  • Английский
tgpu
Хабарҳо
There are no translations available.

ИТТИҲОДУ ЯКДИЛӢ АЗ ВАҲДАТ АСТ

18-уми июни соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ – кафили субот ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон” доир гардид.

Ҳамоиши илмиро Абдусалом Мирзозода, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ифтитоҳ намуда, зимнан иброз намуд, ки Ваҳдати миллӣ, беҳтарин неъмат, орзуву ормон, таҳкими давлатдорӣ, наҷоти миллат, рушду нумуъ ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон ба шумор меравад. Мавсуф ҳамзамон ёдрас кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин таъкид намудаанд: “Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо субботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд”.

 
There are no translations available.

Либоси духтарон чӣ гуна бошад?

Муддатест, ки масъалаи либоси ҷавондухтарон, хоса, сатру ҳиҷоб, аз мавзӯъҳои асосии аҳли ҷомеа гардида, ҳар нафар аз диди хеш дар ин бобат андеша меронад. Зумрае аз соҳибназарон либоси миллиро тавсиф намоянд ҳам, иддае пайваста мекӯшанд, ки пӯшидани либоси бегонаро роиҷ гардонанд. Боиси таассуф аст, ки қисме аз донишҷӯдухтарон низ кӯр-кӯрона ба дигарон тақлид

 
There are no translations available.

Истиқлолият кафили ободии Ватан аст

Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодпарасту озодихоҳ буданд. Солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогирии сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва ба эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле бузург буд.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ТОЗАГИВУ ПОКИЗАГӢ ҲУСНИ ОМӮЗГОР АСТ

Субҳи 18-уми июн дар асоси дастури ректори донишгоҳ баҳри ободониву покизагӣ ҳашари дастаҷамъонаи омӯзгорон дар гирду атрофи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Дар шанбегӣ ҳайати раёсат, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ иштирок намуданд ва гирду атрофи биноҳои таълимӣ ба тартиб оварда, алафҳои хушкида ва ҳалқагулҳои атрофи донишгоҳро тозаву озода карданд.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ҶАЛАСАИ СИТОД: МАСЪУЛИН, ШАФФОФИЯТИ БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНРО ВАЙРОН НАКУНЕД!

Аҳлиддин Ибодуллозода зимни баргузории ҷаласаи ситоди назди ректори донишгоҳ дар толори Шӯрои олимон ба омӯзгорон, деканон, муовинони декан ва коргузорону методистон дастур дод, ки назоратро дар самти раванди таълим пурзур намуда, шаффофияти баргузории имтиҳонот, аз ҷумла имтиҳони шакли таҳсили фосилавиро таъмин намоянд.

 


Страница 590 из 654
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj