|
There are no translations available.
ИСЛОҲОТИ ҲУҚУҚИИ КОНСТИТУСИОНӢ
ЗАМИНАИ МУҲИМИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯИ ДАВЛАТӢ
Имсолмардуми Тоҷикистон 25 солагии истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегиранд. Ин ҷашни бузург мазмунан ва моҳиятан баёнгари таърихи ҳазорсолаҳои дури тоҷикон буда, ба сифати рӯйдоди сиёсиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангӣ бо раванди дуру дарози ташаккули фарҳанги давлатдорӣ, роҳи пуршебу фарози расидан ба истиқлолият ва густариш ёфтани ҳуввияти миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад ва мазҳари орзуву ормонҳои чандинасраи миллати тоҷик мебошад.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ БАРГУЗОР ГАРДИД
2 июни соли 2022 ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа масъалаҳо оид ба рафти баргузор намудани аттестатсияи аспирантону унвонҷӯён, оиди натиҷагирии даври фаъоли сессияи тобистонаи донишҷӯёни хатмкунандаи ихтисосҳои омӯзгорӣ, оиди вазъи иҷроиши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар факултетҳои равияи илмҳои педагогӣ ва доир ба вазъи иҷрои нақшаи кории қисми тарбия дар асоси консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
СЕМИНАРИ ИЛМӢ РОҶЕЪ БА МУШКИЛОТИ МУОСИРИ ЭКОЛОГӢ
2 июни соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ семинари илмӣ-фарҳангӣ дар мавзуи “Мушкилоти муосири экологӣ” ба муносибати 80-солагии доктори илмҳои биология, профессор Абдуллоҷон Эргашев баргузор гардид. Семинарро декани факултети география дотсент Аҳрор Қаландаров ҳусни ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ дод. Ректори донишгоҳ зимни баромади худ аз саҳми профессор Абдуллоҷон Эргашев дар рушди илми тоҷик ёдовар шуда, қайд кард, ки мавсуф муаллифи зиёда аз 305 кори илмӣ, аз ҷумла 4 ихтироот, 8 монография ва 9 китоби дарсӣ мебошад. Инчунин таҳти роҳбарии ӯ 10 нафар рисолаи худро бомуваффақият дифоъ намудаанд.
|
|
|
There are no translations available.
Таъмини амният вазифаи ҳамагонист
Андешаҳо перомуни мақолаи доктори илми сиёсатшиносӣ Саидмумин Ятимов “Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ”
Тоҷикистони соҳибистиқлол солҳои охир ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон тавонистанд ҳадафҳои асосӣ ва стратегияи инкишофи худро рушан муайян созанд. Аммо воқеаҳои глобалӣ ва раванди геополитикӣ дар ҷаҳони имрӯза ба Тоҷикистон таъсири худро мунтазам мерасонад, зеро он ҷузъи ҷудонашавандаи ҷаҳон мебошад.
|
|
There are no translations available.
Ахлоқи ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Ҷаҳонишавии илму техника ва пайдо шудани шабакаи глобалии Интернет, махсусан, дар замони муосир ҳамчун як ниҳоди таъсирнок ва пур аз зиддият ҷомеаро ба ташвиш ва нооромиҳо оварда истодааст. Яъне, ин шабакаи ҷаҳонӣ ба майдони ҷанги фикрӣ мубаддал гаштааст. Ҷангҳои фикрӣ, албатта, ба воситаи забон амалӣ мешаванд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 595 из 654 |