• Таджикский
  • Руский
  • Английский
tgpu
Хабарҳо
There are no translations available.

ЁДБУДИ ДАСТПАРВАР ВА ОМЎЗГОРИ ДОНИШГОҲ - ШОИРИ МАЪРУФ ТИЛЛО ПӮЛОДӢ

4 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори факултети филологияи тоҷик ҳамоиши илмию адабӣ бахшида ба 110-солагии шоир ва омӯзгори кафедраи адабиёти тољик Тилло Пӯлодӣ (1912-1974) баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш устодону донишҷӯёни донишгоҳ, адибон, шогирдон ва пайвандони Тилло Пӯлодӣ иштирок намуданд. Чорабиниро ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ифтитоҳ намуда, аз хизматҳои мавсуф дар ҷодаи адабиёт ва фаъолияти омӯзгории ӯ дар донишгоҳ ёдовар шуда, ҳамзамон зикр намуд, ки ӯ солҳои зиёд сардор ва гардонандаи маҳфили “Адибони ҷавон”-и донишгоҳро ба ўҳда дошт.

 
There are no translations available.

Дар партави Паём

Шурӯъ аз 26- ум то 28-уми январи соли равон бо ташаббуси шуъбаи тарбия таҳлил ва баррасии Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо донишҷӯёни шуъбаи ғоибонаи донишгоҳ сурат гирифт. Омӯзгорони кафедраи сиёсатшиносӣ ва таърих маърӯза карда, моҳияти Паёмро ба донишҷӯён тавзеҳ бахшиданд

 
There are no translations available.

Пайдоиши шатранҷ аз куҷост?

Устоди факултаи физикаи Донишгоҳ Бобоқул Қодиров китоберо зери унвони «Васфи шатранҷ» таълиф ва интишор намуд, ки пиромуни бозии машҳури шатранҷ мебошад. Дар сарсухани китоб омада, ки шатранҷ, шоҳмот вожаҳои сеҳрангез ва қаъри қарнҳо аз як забон ба забони дигар, аз як мамлакат ба мамлакати дигар, ки дар саҳифаҳои таърих аз онҳо танҳо ном боқӣ мондааст, гузашта ҳамчун афсонаи дилошӯбе то ба даврони мо расидаанд. Ҳоло олами муосирро бе бозии шатранҷ ва бе шатранҷбозон тасаввур кардан мушки ласт.

Китоб хонандагонро бо таърихи ибратангези пайдоиши шатранҷ ва то қадри имкон бо ашъори он суханвароне, ки барои сайқал додани фикру андешаҳои худ аз сифати муҳраҳои шатранҷ истифода бурдаанд, шинос менамояд.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

МУАММОҲОИ ЭКОЛОГИИ МИНТАҚАҲОИ ТАБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

4 майи соли 2022 бо ибтикори кафедраи геоэкологияи  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи тарбияи экологӣ, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Муаммоҳои экологии минтақаҳои табии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он мутахассисон аз дигар донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар ниҳодҳои илмии кишвар иштирок карданд.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАЪМИНИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН БО ҶОИ КОР

Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо мутахассисони ҷавон ҳар сол дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии хатмкунандагон бо намояндагони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо барпо карда мешавад. Ҳамин тавр 3-юми майи соли 2022 вохӯрии навбатӣ бо хатмкунандагони риштаи омӯзгории донишгоҳ баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ ректори донишгоҳ Нуъмонҷон Ғаффорӣ, сармутахассиси раёсати кадрҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафармо Сафарзода, сардори шуъбаи кадрҳои сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҷумъахон Самиев ва намояндагони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок карданд.

 


Страница 610 из 654
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj