|
There are no translations available.
Ифтитоҳи хобгоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб -
интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе
01.09.2021 09:00, шаҳри Душанбе
1 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои хобгоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб- интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор дода, бо тарбиятгирандагони он суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.
Бинои хобгоҳ барои 375 нафар дар асоси дастуру роҳнамоиҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, вакили шаҳрӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сарманзил" Маҳмудҷон Муродов ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ ба талаботи муосир сохта шудааст.
Иншооти навбунёд аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 1 гектар замин қомат афрохтааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи апрели соли 2019 дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе оғоз гардида, дар муҳлати муайянгардида бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонда шуд.
Бинои хобгоҳ аз 45 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳо барои мураббиён, мудир, посбон ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат буда, бо тамоми шароити зарурӣ таъмин мебошанд. Иншоот ҳамзамон дорои лифти замонавӣ аст.
Дар ҳар як ҳуҷраи хобгоҳ барои бошандагон рахтҳои хоб, ҷойи шустушӯи бадан ва дигар шароити лозима муҳайё буда, бино бо тамоми қоидаҳои бехатарӣ, аз ҷумла, камераҳои назоратӣ таъмин мебошад.
|