|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.

Уважаемые дамы и господа!
Каждый человек имеет право на свободу вероисповедания. Религия по сути призывает нас делать добро. Но когда религию используют как ширму для многих личных корыстных целей и завоевания власти, общество не только разделяется на группы, но и ослабится доверие к религиозным лидерам, появляется ненависть к другим религиям
|
|
|
There are no translations available.
САФИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ БОЗ АФЗОИШ ЁФТ
Имрӯз 27.05.2021 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-028 – и назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ н.и.ф., дотсент Ғаффоров Абдушукур Одинашоевич рисолаи доктории худро дар мавзӯи “Хусусиятҳои грамматикӣ ва маъноии ибораҳои феълӣ дар забони адабии тоҷик” (дар асоси маводи осори мансури асрҳои XV-XVI) бо муваффақият ҳимоя намуд. Инчунин дар ҳамин шӯро, Раҷабов Абубакр Ашурович, омӯзгори кафедраи назария ва амалияи забоншиносии факултети филологияи тоҷик рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Хусусиятҳои овоӣ ва сохторию маъноии калимаҳои иқтибосии арабӣ дар гӯйишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ” зери роҳбарии д.и.ф., профессор Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло аз рӯи ихтисоси 10.02.01. – забони тоҷикӣ бо муваффақият ҳимоя намуд.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.

МАЪРУЗАИ АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР МАСЪАЛАИ ПАЙМОНИ МИЛЛӢ
Дар бораи Паймони миллӣ, ки Шумо савол кардед фикри ман ин аст, ки ман дар ин ҳаракат на паймонро мебинам на миллиро, зеро паймон ҳолатест дар сиёсат, ки гуруҳи ҳизбу ҳаракатҳои воқеӣ байни ҳам эътилоф мекунанд ва як неруи васеи фарогирро ба вуҷуд меоранд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ
 Дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 14 январи соли 2026 дар толори донишгоҳ вохӯрии намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ бо донишҷӯён баргузор гардид.
|
|
There are no translations available.
СЕССИЯИ ФАЪОЛ ДАР ДОНИШГОҲ ОҒОЗ ГАРДИД
Тибқи фармоиши ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз 17.05.2021 то 12.06.2021 оид ба тартиби гузаронидани сессияи имтиҳонҳои тобистонаи солҳои 2020-2021 барои донишҷӯёни шуъбаи рӯзона, шурӯъ аз 24–уми майи соли равон оғоз ёфта буд. Нуқтаҳои имтиҳонсупории МҚИ-1, МҚИ- 2, МҚИ- 3 ва дигар синфхонаҳои компютерӣ барои супоридани имтиҳонҳои донишҷӯён муайян карда шудаву бо шароити техникии муосир таҷҳизонида шудааст.
Ёдовар бояд шуд, ки тартиби қабули имтиҳонҳо дар донишгоҳ, дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти касбии олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомномаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба супоридани имтиҳонҳои ҷамъбастӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст. Дар марказҳои имтиҳонотӣ ва синфхонаҳои компютерӣ намояндагони раёсати таълим, маркази хизматрасонии техникӣ, идоракунии сифати таҳсилот ва назорати электронӣ, маркази тестӣ ва дигар зерсохтору шуъбаҳои дахлдор пайваста назорату корбарӣ доранд. Ҳамчунин дар даромадгоҳи нуқтаҳои имтиҳонотӣ навбатдории доимӣ ташкил карда шудааст, ки талаботи тартиботи ҷамъиятиро ҷиҳати танзими донишҷӯён риоя менамоянд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 100 из 654 |