|
Факултетҳо
|
|
There are no translations available.
Ҳисоботи
факултети биология дар давоми ҳафта
Ҳафтаи гузашта (аз 28.11. то 05.12.) дар факултет аз тарафи садорат ва устодони кафедраҳо як силсила корҳо анҷом дода шудаанд.
Номгӯи баъзе корҳои амалигардида :
28.11.2017 вохӯри бо донишҷӯёни курсҳои сеюми шуъбаи ғоибонаи факултет оид ба қойдаҳои тартиботи дохилии донишгоҳи ва сару либоси тавсиявии донишҷӯён сӯҳбатҳо гузаронида шуд;
28.11.2017 назорати пайвастаи пагоҳирӯзии донишҷӯён дар даромадгоҳи донишгоҳ барои дермонӣ ва риояи намудани сару либос;
|
|
|
Исследование
|
|
There are no translations available.
САДОҚАТ БА ПРЕЗИДЕНТ САДОҚАТ БА МИЛЛАТ АСТ!
 Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамасола 16 ноябрро ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн мегиранд. Дар таърихи 16 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд, ки дар асоси он ҳар сол 16 ноябр дар кишвар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни истироҳат таҷлил карда мешавад.
Ба арсаи сиёсат ворид гардидани Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон солҳои душвор барои Тоҷикистони соҳибистиқлол барои мардуми тоҷик атои таърих буд. Зеро дар баробари барқарории сулҳу таҳкими амният бо азму иродаи қотеъи Президент дар тамоми соҳаҳо навгониву
|
|
Аналитические материалы
|
|
There are no translations available.
ҲАМКОРИҲОИ ФАРҲАНГИВУ ГУМАНИТАРИИ ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР ҚАРИНАИ АМАЛИШАВИИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ
 Ҳамкориҳои фарҳангиву таҳсилотии Тоҷикистон бо Беларус дар замони истиқлолиятро метавон давоми мантиқии ҳифз ва густариши беҳтарин арзишҳо ва анъанаҳои дар замони Шӯравӣ устуворшуда номид. Далели қотеъи ин гуфтаҳои боло алоқаҳои устувори фарҳангиву адабии устодони шеъру сухани ду кишвар, ки ҳанӯз аз солҳои 30-уми асри XX сарчашма мегирифт, мебошанд. Маҳз дар ҳамин солҳо робитаҳои эҷодӣ, шиносоии ҳамдигарии нависандагон, шоирон, санъаткорон ва дигар намояндагони фарҳанги ду кишвар сурат гирифтааст. Аз ҷумла, шоирону нависандагони тоҷик осори адибони беларус – Я. Купала, Я. Колас, П. Бровка, А. Кулешов, М. Танкро тарҷума ва ба хонандагони тоҷик муаррифӣ карда буданд. Ба забони беларусӣ осори С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, баъди ҷанг М. Турсунзода, Ф. Ансорӣ, А. Баҳорӣ, А. Қаҳҳорӣ, М. Шералӣ, М. Миршакар, Ғ. Мирзо, Ф. Ниёзӣ, Б.
|
|
|
Cоли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”
|
|
There are no translations available. МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ (бахшида ба соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”)
Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш санаи 1-уми сентябри соли 2023 такид намуда буданд, ки: “Рушди босуръати техникаву технологияҳои муосир, ҷаҳонишавии низоми маориф, омезиш ва ба ҳам наздикшавии фарҳангу тамаддунҳо моро водор месозад, ки зимни татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф ҷиҳати ворид гардидан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ хеле эҳтиёткор бошем. Дар ин раванд, мо бояд беҳтарин унсурҳои низоми маорифи ҷаҳони мутамаддинро интихоб намуда, пас аз таҳлилу омӯзиши дақиқ аз
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
РЕКТОР: ОМӮЗГОР БОЯД ИНТИЗОМИ НАМУНАВӢ ДОШТА БОШАД!
 Ҷаласаи назоратии ректори донишгоҳ субҳи имрӯз аз баррасии масъалаҳои таҳияи лоиҳаҳои фармоишӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати сармоягузорӣ баҳри рушди илми донишгоҳ оғоз гардида, дар ин радиф якқатор масъалаҳои дигар, аз ҷумла, ҳолатҳои бесабаб ҳозир нашудани омӯзгорон ба дарс, риояи интизоми меҳнат, таҳлили раванди дарс, таҳияи китобҳои дарсӣ аз ҷониби олимони самти методикаи таълимро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар ҷаласа ректори донишгоҳ баҳри баланд бардоштани сифати таълим, таълифи китобҳои дарсӣ, навиштани мақолаҳои илмиву оммавӣ ва риояи
|
|
|
|
|
|
|
Страница 2 из 654 |