• Таджикский
  • Руский
  • Английский
tgpu
There are no translations available.

 

ҶАЛАСАИ 2-ЮМИ РАЁСАТИ ТАЪЛИМ БАРГУЗОР ГАРДИД

1.JPG - 211.54 KbИмрӯз, 17.05.2021 дар аксар факултетҳои ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ тибқи ҷадвали баргузории аттестатсияи хатмкунандагони шакли таҳсили фосилавӣ дар соли таҳсили 2020-2021 имтиҳони  хатм баргузор гардида истодааст. Вобаста ба ин, раёсати таълим бо роҳбарии н.и.т., дотсент Айнулозода Наҳтулло ҷаласаи 2-юми кормандони самти таълимро баргузор намуд, дар ҷаласа доир ба масоили ҳуҷҷатгузорӣ, тадбиқи хонапурӣ намудани дафтарчаҳои имтиҳонии донишҷӯён, риояи хомӯши дар роҳравҳои факултетҳои имтиҳонсупоранда, инчунин сари вақт супоридану сари вақт қабул намудани варақаҳои имтиҳонӣ сухан рафт. Сардори раёсати таълим дастури муовини аввали ректор Қосимов Саъдӣ Абдулқодировичро, ки муҳтавои риояи низому тартиботи доимии дохилидонишгоҳӣ мебошад, ба самъи мутасаддиён расонид.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

https://www.youtube.com/watch?v=U0WamnUgVS0&feature=youtu.be

 
Хабарҳо
There are no translations available.

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ДАР ДОНИШГОҲ
Дар донишгоҳ бо иштироки муовинони ректор, деканҳо, мудирони кафедраҳо, масъулони бахшҳои илмӣ ва омӯзгорон ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими фаъолияти илмию тадқиқотӣ, такмили ҳайати кадрӣ ва рушди иқтидори илмии донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
 
There are no translations available.

 

ЁД БОД, ОН РӮЗГОРОН ЁД БОД!

1.jpg - 54.80 KbСанаи 8-уми майи соли 2021 бо ташаббуси қисми тарбияи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ таҳти унвонӣ “Ёд бод, он рӯзгорон ёд бод!” бахшида ба 76-солагии Рўзи ѓалаба ва 89 – солагии зодрӯзи шоир Муъмин Қаноат бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Чорабиниро нахуст омӯзгори кафедраи назария ва таърихи адабиёт дотсент Қурбонов Абдумаҷид ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҳаёт ва фаъолияти шоири забардаст Муъмин Қаноат суханронӣ намуд. Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби дастаи “Ҷило”-и факултет барномаи фарҳангӣ иборат аз, қироати ғазал, рақсу сурудҳои ватандӯстона ва саҳначаи тарбиявӣ пешкаши ҳозирин намуданд.

 


Страница 106 из 654
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj