• Таджикский
  • Руский
  • Английский
tgpu
Хабарҳо
There are no translations available.

ДУШАНБЕ, 19.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 16 сентябри соли 2019 дар шаҳри Варшава ҳамоиши навбатии САҲА ба кори худ оғоз кард. Вобаста ба масъалаҳои мавриди баррасӣ дар ин ҳамоиш, аъзои ҳайати расмии Тоҷикистон дар чанд ҷаласа суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, роҳбари ҳайати давлатӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода диққати ҳозиринро ба масъалаи иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи таъмини арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон ҷалб кард.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАСДИҚИ РИСОЛАИ ИЛМӢ
Имрӯз аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи номзадии Мустафозода Абдукарим тасдиқ гардида, ба гирифтани унвони номзади илмҳои филологӣ мушарраф шуд.
Аҳли раёсати Донишгоҳ мавсуфро самимона муборакбод намуда, барояш фатҳи қуллаҳои баланди илмро таманно дорад.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

Шахси дар акс бударо мешиносед? Ба фикрам аксарият шинохтанд. Ва иштибоҳ карданд. Иззат Амон нест. Ин шахс дар олами Ғарб маъруф буд, бо ному насаби Дэвид Хемптон. Дар рейтингномаи шинохтатарин қаллобони дунё ҷойи панҷумро ишғол мекард. Худро ба атрофиён фарзанди ҳунарманди машҳури Голливуд муаррифӣ намуда, аз шахсони зудбовар маблағҳои калони пулӣ меситонид … ва ғайб мезад.

 
There are no translations available.

 

САҲМИ ФИРИСТОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶБВ

1.JPG - 196.53 KbИмрӯз, 06.05.2021 дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 76-солагии «Иди Ғалаба» конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Қаҳрамонии фиристодагони Тоҷикистон дар фронтҳои ҶБВ» баргузор гардид. Конференсияи мазкурро декани факултети таърих д.и.т., профессор Ҳусейнов А. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, риштаи суханро ба муаллими калони кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ н.и.т., дотсент Н.Давлатбеков дод.

 
There are no translations available.

 

ЗАБОН ВА ФАРҲАНГ ПУШТУ ПАНОҲИ ЯКДИГАРАНД

23.JPG - 168.52 KbРӯзи 5-уми майи соли 2021 дар толори бинои асосӣ бо ташаббуси кафедраи назария ва амалияи забоншиносии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами забоншиносии миллӣ” бахшида ба 90-солагии олим ва забоншиноси барҷаста Шарофиддини Рустам бо иштироки олимону донишмандони соҳаи илми филология, пайвандон, шогирдону дӯстон ва устодону донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода конференсияро ҳусни оғоз бахшида, меҳмонону ҳозиринро табрик ва хуш омадед намуд. Сипас мудири кафедраи мазкур, н.и.ф., дотсент Сулаймонов Искандар Одинаевич дар мавзӯи “Забоншиноси маъруф” доир ба ҳаёт ва фаъолияти пурсамари олим ва донишманди камназир Шарофиддини Рустам, ки пас аз хатми факултет солиёни зиёд дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият намудаву ба таълиму тарбияи донишҷӯён умр биспурдааст, ибрози назар намуд.

 


Страница 109 из 654
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj