• Таджикский
  • Руский
  • Английский
tgpu
Хабарҳо
ПРИЁМ ГРАЖДАН
Сегодня в Таджикском государственном педагогическом университете имени С. Айни состоялся приём граждан, в ходе которого заявления и обращения граждан и студентов были рассмотрены первым проректором, проректором по учебной работе Айнуллозодой Нахтулло в соответствии с законом и установленным порядком.
 
Хабарҳо
There are no translations available.

Дар воситаҳои ахбори умум баҳсҳо дар гирди тасмими Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми марти соли 2019, таҳти №31 «Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ» оид ба боло бурдани нархи интернет идома доранд. Мухбири мо роҷеъ ба ин масъала суҳбате дошт бо мутахассиси соҳа – сардори Раёсати алоқа ва иттилоотонии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидов Ш.М., ки ҳоло манзури хонандагони гиромӣ мегардад.

Муҳтарам Шодимурод Мирзомуродович, қабл аз ҳама ташаккур мегӯям, ки даъвати моро барои гузаронидани як суҳбати ихтисосӣ пазируфтед. Вақти Шуморо зиёд намегирем ва аз баҳри раду бадали ҳарфҳои таоруфӣ гузашта, сари мақсад меоем. Имрӯз дар ҷомеа, хусусан, дар сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ баҳсҳо дар хусуси боло бурдани нархи истифодаи интернет гарманд. Ҳар як нафар ба дараҷаи ақлу хостаи худ онро шарҳ медиҳад. Мехостем назари Шуморо ҳамчун мутахассиси соҳа фаҳмем.

Ш.М.: - Сараввал мехостам ба як масъала рӯшанӣ андозам. Вақте сухан дар боби боло бурдани арзиши Интернет меравад, бояд мардум бифаҳмад, ки дар мадди назар танҳо қимат шудани инетернети мобилӣ меистад. Ин қиматшавӣ ба интернети хаттӣ (ноқилӣ) дахле надорад. Мардум метавонад на танҳо аз интернети правайдери миллӣ – «Тоҷнет», ки як гигабайти он 2 сомонӣ меистад, истифода баранд, балки аз хизматрасониҳои интернети ноқилии правайдерҳои хусусӣ ба мисли «Телеком Технолоҷӣ», «Вавилон-Т», «Истера», «Сатурн - Онлайн», «Исател», «Интерком» ва дигар контентправайдерҳо бо арзиши аз 2 то 10 сомонӣ  истифода намоянд. Ғайр аз ин, барои муштариёни интернети ноқилӣ истифодаи сомонаҳои дохилӣ, яъне домени «.тҷ» бо суръати баланд ва ба таври ройгон  муяссар мегардад. Чун барои мардум сухан мегӯем, содатар баён мекунам: Дар шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ, ки аксари аҳолии ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунад, аллакай арзонтарин хизматрасонии интернет дар хонаҳои мардум қарор дорад: 1 ГБ = 2 сомонӣ. Барои боз ҳам беҳтар кардани ин намуди хизматрасонӣ мо бояд пойгоҳи иттилоотии худиро ҳамаҷониба мустаҳкамтар намоем.

Оё метавонед гуфт, ки бартарияти интернети ноқилӣ бар интернети мобилӣ кадом аст?

Ш.М.: – Албатта, тавре изҳор доштам, арзиши он хеле арзон аст. Дуюм, дар сурати истифода бурдани интернети ноқилӣ волидайн метавонанд фарзанди худро назорат кунанд. Наврасону ҷавонон аз гирифторӣ ба доми фиреби таблиғотчиёни гурӯҳу ташкилотҳои террористӣ ва ифротгаро, ҳар гуна сектаю (фирқа) гурӯҳчаҳои динӣ-мазҳабӣ, ашхоси иғвоангезу моҷароҷӯ эмин мемонанд, ба сайту сомонаҳои фаҳшу фуҷур ворид шуда наметавонанд. Роҳандозӣ намудани чунин назорат дар мактабҳои таълимоти миёна, донишкадаю донишгоҳҳо ва дигар намуди таълимгоҳҳо имконпазир мегардад. Сеюм, дараҷаи шуоафканӣ ва таъсири интернети ноқилӣ ба саломатии инсон дар муқоиса бо интернети мобилӣ хеле ва хеле  паст аст, ҳатто метавон гуфт, ки безарар аст. Чорум, дар ҳолатҳои фавқулодда аз қабили вазидани шамол, боридани барфу борон ва монанди инҳо суръат ва сифати дастрасӣ ба интернет тағйир намеёбад ва кафолат дода мешавад. Дар вақти истифодаи интернети бобилӣ бошад, ҳамаи ин эҳсос мегардад.

Тавре Шумо иброз доштед, назорати фарзандон, наврасону ҷавонон тариқи интернети ноқилӣ осон мегардад, валекин аз тарафи доираҳои манфиатдор ва ташкилотҳои ба ном ҳомии ҳуқуқ ин иқдом ҳамчун нақзи «озодӣ», «демократия» ва ғайра баҳогузорӣ мегардад…

Ш.М.: – Бубинед, дар ҳолати имрӯза муносибат ба интернет ва тарзи истифодаи он комилан масъулияти дохилии ҳар як давлат мебошад. Баъд аз ҳодисаҳои рухдода дар кишварҳои арабӣ, Туркия, Украина ва ғайра аксари давлатҳои дунё ба истифодаи интернет танҳо аз нигоҳи таъмини амнияти манфиатҳои миллии хеш назар мекунанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва ғайра мессенҷеру  барномаҳои дохилӣ – миллии худро пешниҳод карданд ва истифодаи онро назорат мебаранд.

 
Хабарҳо

ОЧЕРЕДНАЯ ВСТРЕЧА РАБОЧЕЙ ГРУППЫ ИСПОЛНИТЕЛЬНОГО ОРГАНА ГОСУДАРСТВЕННОЙ ВЛАСТИ НОХИИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ПО МЕТОДУ «ШКОЛА К ШКОЛЕ»

9 декабря 2025 года, на основании соответствующего решения Председателя города Душанбе и в соответствии с совместным планом мероприятий, в Лицее при Таджикском государственном педагогическом университете имени С. Айни состоялась очередная встреча рабочей группы Исполнительного органа государственной власти в районе Исмоили Сомони.
 
There are no translations available.

 

“ҶИЛО” ҲАМ, ЯК ҶИЛОЕ КАРД

22.JPG - 218.65 KbНимаи дуюми санаи 23-юми апрели соли 2021 дар толори бинои асосии  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 90 – солагии донишгоҳ бо иштироки  меҳмонон, ҳакамон ва устодону кормандони донишгоҳ барномаозмуни “Ҷилои ахтарон” байни донишҷӯёни факултетҳои филологияи тоҷик ва забони англисӣ баргузор гардид. Барномаи озмуни мазкур аз 6 бахш иборат буда, дар он саломнома, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, бадеҳахонӣ, саволу ҷавоб, бахши латифахонию саҳначаи ҳаҷвиро дар бар мегирифт. Боиси зикр аст, ки ин чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби ҳар ду даста ҳам, дастаи факултети филологияи тоҷик бо номи “Ҷило” ва дастаи факултети забони англисӣ бошад, зери унвони “Антивирус” ҳунарнамоӣ карданд, ки хеле ҷаззобу хотирмон буд. Аъзои ҳакамон ба ҳунару маҳорати ҳарду даста одилона баҳогузорӣ намуданд.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

Забони мо тоҷикист!

Бинобар пеш омадани зарурат ва боз доғ шудани баҳси забони модарӣ, мақолаи донишманди шинохтаи тоҷик  Иброҳим Усмонро таҳти номи “Баҳси алифбои тоҷикӣ”-ро ба нашр мерасонем, ки  ба доираҳои  иғвоангез ҷавоби мушаххаси илмӣ ва бунёдӣ додааст.

БАҲCИ  АЛИФБОИ ТОҶИКӢ

 


Страница 121 из 654
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj