|
There are no translations available.
ГАР САРИ ИЛМ ТО СУРАЙЁ РАФТ, ДОМОНАШ МАРОСТ
Имрӯз, 20.04.2021 дар факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ бахшида ба “Рӯзи илми тоҷик” бо ибтикори мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик н.и.ф., дотсент Ҳамза Боқиев конференсияи илмӣ баргузор гардид Дар конференсия ҳайати устодони кафедра ва донишҷӯёни ин боргоҳи таълимӣ ширкат доштанд. Нахуст мудири ин кафедра баромад намуда, бо тавъам омадани ҳафтаи илм бо зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ ба конференсияи мазкур ҳусни оғоз бахшид, инчунин таъкид намуд, ки сараввал бояд 5 маърӯзаи донишҷӯёни ин факултет шунида шавад. Мавриди зикри хос аст, ки донишҷӯён доир ба масъалаҳои мубрами самти таълими хеш маърӯзахонӣ намудаву пас аз анҷоми ҳар маърӯза саволу ҷавобҳо намуданд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ХОНИШИ СИЁСӢ: “ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ КУРУШИ КАБИР – АЗ АВВАЛИН НАМУНАҲОИ ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИ ИНСОН”
 Рӯзи 05 декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хониши сиёсӣ таҳти унвони «Ҳуқуқи инсон – омили муҳими рушди давлати демократӣ ва давлати ҳуқуқбунёд» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ дотсенти кафедраи ҳуқуқ Давлатзода Фаридун баромад намуда, оид ба таърихи ташаккули ҳуқуқи инсон, зарурати таҳкими ҳифзи ҳуқуқу
|
|
There are no translations available.
Стипендияи Шӯрои Ҳиндустон оид ба робитаҳои фарҳангӣ (ICCR)
барои таҳсил дар Ҳиндустон (2021-2022)
ЭЪЛОН
Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе бо хушнудӣ барномаи стипендияи Шӯрои Ҳиндустонро оид ба робитаҳои фарҳангӣ (ICCR) барои солҳои таҳсили 2021-2020 дар ин кишвар ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои гуногун дар зинаи бакалавр, магистратура ва докторантура ва дигар соҳаҳо, ба ҷуз тибб, дорусозӣ ва мӯд эълон менамояд. Барои соли хониши 2021-2022 ҳамагӣ 25 бурсия пешниҳод карда мешавад, ки аз онҳо, танҳо 15 бурсия бо чиптаҳои ҳавопаймоии бозгашт вобаста ба шароити иқтисодии номзадҳо таъмин мегардад.
Номзадҳое, ки хоҳиши иштирок кардан дар барномаи (ICCR)-ро доранд, барои гирифтани маълумоти бештар метавонанд, ба URL:http://a2ascholarships.iccr.gov.in ворид шаванд. Донишҷӯёни муҳтарам, лутфан пунктҳои зеринро ба инобат гиред.
А) номзадҳое, ки сину солашон аз 18 то 30 мебошанд, метавонанд дар барнома ширкат варзанд.
Б) номзадҳое, ки дар курсҳои “BE” / “B.Tech” таҳсил кардан мехоҳанд, бояд курсҳои физика, математика ва химияро дар синфҳои 10, 11-и мактаб аз худ карда бошанд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
The United States has designated Iran’s Islamic Revolutionary Guard Corps (IRGC) as a foreign terrorist organization. The announcement was made by the US President Donald Trump.
It is the first time that Washington has labelled another state's military as a terrorist organization.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
КОМЁБИИ НАВ ДАР СОҲАИ ИЛМ
Боиси ифтихор аст, ки Саидова Шаҳноза Икромиддиновна бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2025, №11 ва бо фармони раиси Комиссия аз 31 октябри соли 2025, №399/д.и., бо дипломи дараҷавии илмии номзади илм сарфароз гардонида шуд.
Шаҳноза Саидова – муовини декан оид ба илми факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ин унвони илмиро аз рӯйи ихтисоси 02.00.03 — Химияи органикӣ ба даст оварда, бо ҳамин як қадами муҳими дигар дар роҳи фаъолияти илмӣ ва таҳқиқотии худ гузошт.
Роҳбарият ва ҷомеаи донишгоҳ ба ӯ муваффақиятҳои нав, комёбиҳои илмӣ ва дастовардҳои нав таманно дорад.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 125 из 654 |