|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
Яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ ва мардумии халқҳои эронинажод Наврӯз ба ҳисоб меравад. Ин ҷашн ҷашнест, ки ҳамбастагии инсону коинот ва эҳёшавии табиатро ба миён меорад. Чунин навъи ҷашн пеш аз ҳама ба шинохт ва огоҳии инсоният аз табиат ҳамбастагӣ дорад. Нахустин рузи Наврӯз ки ба 21 март рост меояд замонест, ки ҳамаи сайёроту ситорот дар як радиф қарор мегиранд. Ин баёнгари он аст, ки мардумони ориёинажод ҳанӯз ҳазорон ҳазор сол қабл ин ҳамоҳангиро дарк намуда будаанд ва аз табиат огоҳии дуруст ва илмӣ доштаанд.
|
|
|
There are no translations available.
«Илм фурӯғи маърифат»
Санаи 14-уми апрели соли 2021 дар синфхонаи №12-и факултети физикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ даври аввали озмуни «Илм фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияи “Физика- астрономия” баргузор гардид. Дар даври аввали озмун аз факултети физика 100-нафар, факултети математика 2-нафар, аз факултети технология ва соҳибкорӣ 7-нафар донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.
Нахуст, декани факултет дотсент У.С.Умаров ҳозиринро барои иштирок дар озмун табрику таҳният гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки: Ҳамасола озмуни «Илм фурӯғи маърифат» аз фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар муассисаҳои таълимӣ гузаронида хоҳад шуд.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
Дар таърихи фарҳанги форсу тоҷик Наврӯз ба сифати ҷашни муҳимтарини аҷдодӣ ва миллӣ шинохта шуда, дар байни ҷашну маросими мутааддади милию мардумӣ ва динӣ-мазҳабӣ ҷойгоҳи вижа дорад. Фаротар аз ин, он бузургтарин ҷашни фарҳангии ҷаҳонист, ки на танҳо ба як қавм, як миллат, як нажод мунҳасир мешавад (ниг.: Шаъбонӣ Ризо. Одоб ва русуми Наврӯз. –Душанбе: Пайванд, 2008. –С.11), балки бо қолабу шеваҳои гуногун дар зиндагии маросимии ақвоми мухталифи башарӣ ва дар маҷмӯъ, инсоният мақоми устувор пайдо кардааст.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ДАР МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ҶОЙИ АВВАЛРО ИШҒОЛ КАРД
 Донишҷӯи курси якуми ихтисоси таърих, Ғайратов Маҳмаднабӣ, дар чемпионати ҷумҳуриявии Тоҷикистон оид ба муай-тай миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон дар вазни 75 кг маҳорати баланд нишон дода, сазовори ҷойи якум гардид.
Ин дастоварди назаррас мавриди тасдиқи қобилият, меҳнатдӯстӣ ва сатҳи варзишии донишҷӯ мебошад.
Декани факултет, н.и.п., профессор Каримзода М.Б., Ғайратов Маҳмаднабиро ба ин комёбии арзанда табрик гуфта, қайд карданд, ки пешравӣ ва муваффақияти ҳар як донишҷӯ — ифтихору дастоварди тамоми факултет ва Донишгоҳ мебошад.
Роҳбарияти Донишгоҳ ба донишҷӯи фаъол барои дастоварди ифтихорофараш бурдбориҳои навбатӣ дар роҳи илму варзиш орзу мекунад.
|
|
There are no translations available.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти
падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд
Рӯзи 16 апрели соли 2021 бо ташаббуси асиссенти кафедраи фалсафаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Тӯйчиева Мутриба маҳфили илмӣ дар мавзӯи нақши “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Нахуст, мудири кафедра дотсент Ҳобилҷон Зикиров суханронӣ намуда, нақши қонунро дар тарбияи ҷавонон хуб арзёбӣ намуд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 129 из 654 |