• Таджикский
  • Руский
  • Английский
tgpu
There are no translations available.

 

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии

Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ

30.png - 242.68 Kb31.03.2021 11:55, шаҳри Душанбе

31 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи 9-умин Конфронси “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейширо ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг, амният ва натиҷаҳои конфронси Душанбегии “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат аз сатҳи баланди робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҳавасманд аст, то имкониятҳои таҳкиму густариши бештари ҳамкориҳо, бо дарназардошти манфиатҳои муштараки ду кишвар, ба таври самаранок истифода шаванд.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ҶАЛАСАИ ҚИСМИ ТАРБИЯ БО МУОВИНОНИ ДЕКАН ВА КОМЕНДАНТҲОИ ХОБГОҲҲО БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз дар толори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи навбатии қисми тарбия баргузор шуд. Ҳадафи асосии ҷаласа андешидани тадбирҳои зарурӣ баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати тарбия, риояи дастурамали сару либос, қоидаҳои дохилимуассисавӣ ва қоидаҳои будубош дар хобгоҳҳо, инчунин таҳкими тозагӣ-санитарӣ ва баланд бардоштани иштироки донишҷӯён дар чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ буд.
 
Хабарҳо
There are no translations available.

ИНТИШОРИ НАВИ «АДАБИЁТИ ГУФТОРИИ ДАРВОЗ» ПАС АЗ 63 СОЛ
Пас аз 63 сол маҷмуаи нави «Адабиёти гуфтории Дарвоз» ба нашр расид. Китоб аз ҷониби мураттибон: д.и.ф., проф. Қосимӣ Саъдӣ Абдулқодир, н.и.ф. Абдураҳмонов Маъдӣ Саидҷалолович ва н.и.ф. Бухориев Олим Салимович таҳия шуда, соли 2025 дар нашриёти «Дониш» чоп гардид.
Маҷмуа 712 саҳифа буда, намунаҳои пурраи жанрҳои гуногуни фолклори дарвозӣ — аз дуо, ривояту афсона ва тарона то мақол, бадеҳа, фолклори маросимӣ ва дигар мероси шифоҳиро фаро мегирад. Дар китоб маводи тоза, замимаҳои илмӣ ва тасвирҳои таърихии Дарвоз низ ҷой доранд.
Ин нашр яке аз мукаммалтарин маҷмуаҳои фолклории даврони Истиқлол маҳсуб шуда, барои таҳқиқи мероси адабӣ ва фарҳангии минтақа аҳамияти муҳим дорад.

 
There are no translations available.

 

Суханронӣ дар нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истамбул”


29.png - 235.13 Kb30.03.2021 12:08, шаҳри Душанбе

Ҷалолатмаоб доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон,

Муҳтарам иштирокдорони Конфронс,

Меҳмонони гиромӣ,

Сараввал иштироки Шуморо дар Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истамбул”, ки имсол “Тақвияти ҳамраъйӣ барои сулҳ ва рушд” номида шудааст, сидқан хайра мақдам мегӯям.

Ҳамзамон, мехоҳам шуморо ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи иштирокдорони нишасти имрӯза саломатию хушбахтӣ, барори кор ва комёбиҳо орзу намоям.

Тоҷикистону Афғонистонро муштаракоти зиёди тамаддунӣ ва робитаҳои зичи ҳусни ҳамҷаворӣ ба ҳам мепайванданд.

Мардуми шарифи ин кишвари бародар бо мо ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, решаҳои муштараки таърихии мо ба умқи ҳазорсолаҳо мерасанд.

Аз ин рӯ, табиист, ки мо ба сарнавишти бародарони афғони худ бетафовут нестем.

Ҳар дарду ранҷе, ки мардуми Афғонистон мекашад, дар қалби мардуми тоҷик низ садо медиҳад.

 
There are no translations available.

 

 

На днях я прочитал выступление Камчыбека Ташиева, главы делегации Киргизии на пресс-конференции по итогам первого раунда переговоров Таджикистана и Киргизии по вопросам размежевания госграницы. На мой взгляд – полный бред. Так кто же он такой – Камчыбек Ташиев?

 


Страница 139 из 654
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj