|
There are no translations available.
ЭЙ ДӮСТ БИЁ, БОЗ БА НАВРӮЗ РАСИДЕМ...
Рӯзи 19.03.2021 дар доираи тантанаҳои идонаи ҷашни Наврӯзи дар факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи тарбия Иброҳимов Қ., декани факултети биология Бобозода И., муовинони декан, кураторони гурӯҳҳои академӣ ва инчунин омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар факултет хони Наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин ва ҳунарҳои миллӣ ороста шуда, ба намоиш гузошта шуда буд. Нахуст раиси шӯрои кураторони факултет Наима Таваллоева суханронӣ намуда, ҳамаи омӯзгорону донишҷӯёнро бо фарорасии фасли баҳори нозанин ва ҷашни наврӯз табрику муборакбод намуд. Сипас як гурӯҳ донишҷӯёни фаъоли факултет бо суруду таронаҳои дилнишин хотири бинандагонро болида гардониданд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
ПОДАРОК «ШАХНАМЕ» ПРЕПОДАВАТЕЛЯМ УНИВЕРСИТЕТА
В честь Дня Государственного флага Республики Таджикистан преподавателям 116-й комнаты общежития №9 Таджикского государственного педагогического университета имени Садриддина Айни был преподнесён подарок - книга «Шахнаме» Абулкосима Фирдавси от Основателя мира и национального единства - Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомалии Рахмон.
Эта акция была проведена в рамках уважения к национальной культуре и популяризации высоких историко-литературных ценностей таджикского народа. Педагоги расценили её как знак постоянного внимания и поддержки Лидера нации к учёным и работникам системы образования.
|
|
|
There are no translations available.
ЁДБУДИ ФАЙЗУЛЛО АНСОРӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ

19 марти соли 2021 бо ташаббуси садорати факултети филологияи точики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили илмиву адабӣ бахшида ба 90-солагии зодрӯзи шоир ва драманависи шинохтаи тоҷик Файзулло Ансорӣ (20.03.1931 – 28.04.1980) баргузор гардид. Нахуст маҳфилро мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёти тоҷик, д.и.ф., профессор Шамсиддин Солеҳов ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки мавсуф солҳои 1947-1951 дар Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (имрӯза ДДОТ ба номи С. Айнӣ) таҳсил намуда, сипас як муддат дар ҳамин донишгоҳ ба ҳайси омӯзгор фаъолият кардааст. Ш.Солеҳов ҳамчунин иброз дошт, ки эҷодиёти Файзулло Ансорӣ ифодагари самимитарин эҳсосоти шахс - қаҳрамони лирикӣ буда, пояи достони эпикиро дар адабиёти навини тоҷик устувор намуд ва аввалин драматурги тоҷик буд,
|
|
There are no translations available.
БОЗ ДАР МУЛКИ КӮҲАН НАВРӮЗ ШУД, НАВРӮЗ ШУД...

Бо фарорасии фасли баҳор ва омад – омади ҷашни Наврӯз табиати ватани азизамон Тоҷикистон ба худ зебоии хосро касб менамояд. Имрӯзҳо дар саросари кишвари соҳибистиқлоламон тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гашта истодааст. Ба ҳамин муносибат санаи 18-уми марти соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва маҳфил-озмуни “Гулдаст” дар майдончаи варзишии донишгоҳ бо иштироки муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳри Душанбе Шарифзода Наргис, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Амир Иброҳимзода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Ҷӯрахонзода Ҷумахон, инчунин меҳмонон аз КИ ҲХДТ ва МИҲД-и дар ноҳияи мазкур, бо тантана таҷлил карда шуд. Нухуст, ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ҳамаи меҳмонону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳро бахшида ба ҷашни Наврӯз самимона табрику муборакбод намуд. Сипас, донишҷӯён дастоварҳои факултетҳои хешро ба намоиш гузошта, аз рӯи талаботи барномаи озмун, ки аз саломнома, бандкашӣ, номоиши либосҳои миллӣ иборат буд, пешкаши ҳозирин намуданд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 141 из 654 |