|
ДАР ПОЙТАХТ БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ОЗМУН ЭЪЛОН ГАРДИД
ДУШАНБЕ, 20.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд. Ин иқдом ҳамасола бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад, иттилоъ дод сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода ба АМИТ «Ховар».
|
|
|
Хабарҳо
|
|
МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ: ВАРЗИШ — ЗАМИНАИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ
 Субҳи имрӯз бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш, донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар боғи Аҳмади Дониш ба машқи пагоҳирӯзӣ фаро гирифта шуданд.
|
|
Эълон
|
|
СИМПОЗИУМИ ОНЛАЙНИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ
Хоҳишмандонро барои ширкат дар "Симпозиуми онлайни Осиёи Марказӣ - Семинар оид ба тасдиқи консепсияи ҳисоботи минтақавӣ доир ба сиёсати муносибат ба омӯзгорон" даъват мекунем. Семинари мазкур дуюмин дар силсилаи семинарҳои муштаракест, ки аз ҷониби ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ таҳти унвони «Омӯзгорони соҳибихтисос - Миллати соҳибихтисос» ташкил карда мешавад.
ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои маорифи Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ҳисоботи минтақавиро доир ба сиёсати нисбати омӯзгорон дар Осиёи Марказӣ омода мекунанд.
|
|
|
ФАЪОЛОНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОМӮЗГОР” ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНҲО ГАРДИДАНД
18 январи соли 2022 дар толори бинои Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он муовини раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, раисони кумитаҳои иҷроияи ноҳиявии ҳизб, кормандони сохторҳои ҳизбии шаҳр, фаъолон, як қатор вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 21 из 654 |