|
1-УМИ ДЕКАБР РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВИЧ/СПИД
Санаи 01.12.2020 дар факултети биология бо ташаббуси кафедраи биохимия ва генетика бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи бемории ВНМО семинари машваратӣ бо иштироки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни ихтисосҳои биохимияи тиббӣ гузаронида шуд. Семинар бо сухани муқадимавии мудири кафедраи биохимия ва генетика н.и.б., дотсент Ғайратзода М.Х. оғоз шуда, сипас, оид ба нишонаҳои ин беморӣ ва роҳҳои пешгирӣ намудан, мудири озмоишгоҳи МД МТШ-и №2 Амонов Б.П. маърӯза намуд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
 Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.
|
|
МО ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМРО ИНТИХОБ МЕКУНЕМ!
Субҳи имрӯз, 01.12.2020 бо ташаббуси садорати факултети психология ва таҳсилоти фарогир, декани он н.и.п., дотсент Обидова Мунира Ибрагимовна инчунин мудири кафедраи психологияи касбии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ н.и.п., Дадабоева Мадина Солибоевна зери унвони “Мо тарзи ҳаёти солимро интихоб мекунем!” аксияи “Гули сурх” барои пешгирӣ аз бемории Вич/Спид дар назди даромадгоҳи асосӣ бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ҲНИТ – сарчашмаи пайдоиши терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон
Дар ҷаҳони имрўз ағлаби «сиёсатмадорон» ба хотири ба ҳадаф ва манфиатҳои худ расидан омодаанд, ки ба ҳар амали шоиставу ношоиста даст бизананд. Ҳамин аст, ки роҳҳои расидан ба мақсади худро дар поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои нафарони дигар, миллату қавмҳои дигар, аз байн бурдани оромиву осоиштагии як кишвари дигар мебинанд. Ҳамин чиз сабаб гардидааст, ки дар ҷомеаи ҷаҳони имрўза истилоҳоте чун терроризм ва экстрремизм пайдо гардидаву таҳдиди хатари он барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроӣ дониста шудааст.
|
|
Хабарҳо
|
|
БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ҶАВОНОН — ҲАДАФИ МЕҲВАРИИ БАРНОМАҲОИ ҲХДТ
Рӯзи 7 октябри соли 2025 дар доираи иқдомҳои “400 рӯзи ташаббускорӣ — иқдоми ҳизбиёни пойтахт барои таҷлили 35-солагии соҳибистиқлолии давлатӣ” ва тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар шаҳри Душанбе вохӯрии судманд бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 201 из 654 |